расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Писари Каромат Шарифов аз таъсиси маркази "Ҳама якҷо" дар Маскав хабар дод

. / Муҳоҷир

Писари Каромат Шарифов аз таъсиси маркази "Ҳама якҷо" дар Маскав хабар дод

Шаҳоб Шарифов, муассиси маркази "Ҳама якҷо".

Шаҳоб Шарифов, фарзандани марҳум Каромат Шарифов, роҳбари ҳаракати "Муҳоҷирони кории тоҷик" аз таъсиси маркази наве дар Маскав бо номи "Ҳама якҷо" хабар дод.
Шарифов дар як изҳороти видеоӣ рӯзи 27-уми октябр дар шабакаи иҷтимоии "Ютуб" аз таъсиси ин марказ хабар дода гуфтааст, ҳадафи ин созмон "сарҷамъ кардани мардум" ва дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷиронии кории тоҷик мебошад.
Шаҳоб Шарифов бо дарҷи суроғаи маркази навтаъсиси "Ҳама якҷо"дар Маскав аз муҳоҷирон хостааст, агар мушкили ҳуқуқие доранд, ба марказ муроҷиат кунанд.
Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз ҳомиёни маъруф дар миёни муҳоҷирони тоҷик буд, ки ҳукумати Русияву Тоҷикистон ва бахусус корфармоёни русро зиёд танқид мекард.
Каромат Шарифов шаҳрвандии Русияро дошт, вале мақомоти рус моҳи декабри соли 2017 шаҳрвандии ӯро бекор ва худашро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта мешуд, ки сабаби ихроҷи Шарифов "аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия" аст.
Аммо Каромат Шарифов то охир ихроҷаш аз Русияро кори як "гуруҳи ғаразнок" медонист, ки фаъолиятҳои ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба ин гурӯҳ зарба мезад. Шарифов, рӯзи 9-уми майи 2020 дар синни 57-солагӣ дар зодгоҳаш Файзобод даргузашт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.