ЗУЛАЙХО МАМАДШОЕВА ПИСАРИ ДУЮМАШРО ТАВАЛЛУД КАРД

Овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик Зулайхо Мамадшоева, ки дар байни мухлисонаш бо тахаллуси Зу-Зу машҳур аст, рӯзи 25 июн, соати тақрибан 11 дар таваллудхонаи рақами яки шаҳри Душанбе писари дуюмашро ба дунё овард. Вазни тифли Зулайхо Мамадшоева 3 килову 400 грамм буда, табибон вазъи тифли навзод ва модарашро хуб арзёбӣ мекунанд.

Наздикони Зулайхо Мамадшоева ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, Зулайхо, ки як писар дошт, ин дафъа мехост духтар таваллуд кунад, вале ба дунё омадани шоҳписари дуюмашро низ ҳамчун як тӯҳфаи Илоҳӣ қабул кардаву хеле хушу сарфароз аст.

Аз таваллудхонаи рақами як ба "Ахбор” гуфтанд, ки таваллуди фарзанди Зулайхо Мамадшоева бидуни мушкил ва ба хубӣ гузошт. Зу-Зу баъди таваллуди фарзанди дуюмаш дар ВИП-палатаи ин таваллудхона таҳти назорат қарор дорад ва ба ӯ дар инҷо табиби хусусиаш хидмат мерасонад.

Зулайхо Мамадшоева 9 сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, мактаби рақами якро дар Фархор хатм кардааст. Модари ӯ, бино ба тарҷумаи ҳолаш, раққоса буд ва Зулайхо ҳам, ки фарзанди калонӣ буд, аз хурдӣ орзуи ҳунарнамоӣ дар саҳнаи эстрадаро дар дил мепарварид.

Зулайхо мухлиси садо ва тарзи иҷрои овозхони шинохта Манижаи Давлат буд ва шогирди мактаби ӯ шуд. Аксари оҳангҳои таронаҳои Зулайхо Мамадшоеваро Манижаи Давлат навиштааст.

Зулайхо бори аввал рӯзи 9 сентябри соли 2011, дар 18-солагиаш дар ҷашни бахшида ба 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон бо таронаи "Ватан” дар саҳнаи бузург ҳунарнамоӣ кард. Ҳамон сол нахустин албоми таронаҳои ӯ бо номи "Кабӯтар” нашр шуд ва исми Зулайхоро дар саҳнаи эстрадаи тоҷик шинохта кард.

Таронаи "Мамнунам”-и Зулайхо Мамадшоева пуртарафтортарин таронаи тоҷикии соли 2017 дониста мешавад. Ин таронаро танҳо дар канали "Тамошоу” дар Ютуб то имрӯз 14 миллион нафар тамошо кардаанд, ки дар байни овозхонҳои тоҷик бесобиқа аст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон