ПАРДАБАРДОРӢ АЗ МУҶАССАМАИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ ДАР ЗОДГОҲАШ – МАЗОРИ ШАРИФ (ВИДЕО ВА 5 АКС)

Рӯзи 19 май ҷашни 77-солагии зодрӯзи шоири шинохтаи тоҷик, Лоиқ Шералӣ дар зодгоҳаш деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент бо пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи устод таҷлил гардид.

Деҳаи Мазори Шариф, деҳаест, ки устод Лоиқ дида ба олами ҳастӣ гузоштаасту айёми тифлиаш инҷо дар иҳотаи қӯҳи "Чилмеҳроб” сипарӣ гардидааст.

Ибтидои ман деҳи хурди Мазор,

Интиҳоии ман ҷаҳони беканор.

Ҳаво боронӣ. Каму беш чак чаки борони найсон ба сару рӯйи ҳозирин мечакид. Дар таҷлили ҷашни Лоиқ Шералӣ садҳо нафар: чӣ талабаву чи муаллим, чӣ деҳқону чӣ қаламкаш ва руасову удабо ҳозир буданд. Гурӯҳи шоирону нависандагон ва хонандагони мактаб сараввал барои тамошои хонамузейи шоир рафта, дар хуҷрае, ки асбобу лавозимоте, ки дар замони зиндагии Лоиқ истифода мешудаанд, ва гирди сандалии қадимаи ӯ нишаста, аз ашъори Лоиқ Шералӣ қироат карданд, ки хеле пуртаъсир буд.

Муҷассамае, ки аз рӯи он пардабардорӣ карда шуд, ҳайкали пешинаи Лоиқ Шералӣ мебошад, ки дар маркази шаҳри Панҷакент, соли 2001 бахшида ба 60 солагии шоир гузошта буданд. Соли равон баъди навсозии муҷассамаи Лоиқ Шералӣ, пайкараи пешинаи ӯ бо маслиҳату машварати аҳли зиёи Панҷакент ва пайвандони устод, ба зодгоҳаш деҳаи Мазори Шариф оварда шуд.

Ин пайкара дар маркази деҳа дар як майдоне гузошта шудааст, ки минбаъд артофи он ба як боғ ва истироҳатгоҳи сокинони ин деҳа табдил хоҳад шуд.

Писари устод Лоиқ, Диловар Шералӣ ва бародари шоир -Қорӣ Шариф меҳмононро хайрамақдам гуфта, барои қадрдонии устод изҳори сипос карданд.

Моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи нави Лоиқ Шералӣ ва расми ифтитоҳи Қасри фарҳангиву эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ доир шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо тавсиф аз Лоиқ Шералӣ гуфт, ки ӯ бо вуҷуди ин қадар шӯҳратёру шинохта буданаш, як марди хоксору заминӣ буд ва ин хел инсонҳо дар рӯи замин каманд.

Лоиқ Шералӣ яке аз адибони тавонони садаи 20-и асри гузашта мебошад, ки соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ ягона шоирест, ки барои як шеъраш бо номи ""Ба модарам” ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул шуд. Лоиқ Шералӣ, дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналхалқии Нилуфар мебошад.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон