КОРГАРОНИ “ТОҶИКФИЛМ” 5 МОҲ БОЗ МАОШ НАГИРИФТААНД

Кормандони муассисаи давлатии "Тоҷикфилм”, ки беш аз 320 нафаранд, аз моҳи январ ба ин тараф, инак 5 моҳ боз маошашонро нагирифтаанд. Онҳо мегӯянд, маош ягон воситаи таъмини рӯзгорашон буд ва бемаошӣ онҳоро дар як ҳоли хеле сахт андохта ва аз хешу ақрабо ва тамоми мағозаву дорухонаҳои атрофи маҳалҳои зисташон қарздор кардааст.

 

Кормандони муассисаи давлатии "Тоҷикфилм” – бузургтарин студияи филмбардории Тоҷикистон, ки беш аз 320 нафаранд, 5 моҳ боз маоши худро нагирифтаанд. Онҳо мегӯянд, дар шароити феълии кишвар қариб ним сол боз бе маош зиндагонӣ кардан як амри комилан ғайри қобили қабул аст.

Яке аз кормандони "Тоҷикфилм” дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт: "Ҳамкорони мо аз тамоми мағозаҳову дорухонаҳои гирду атрофи хонаҳояшон ва аз хешу ақрабои худ қарздор шудаанд. Ҳоло дигар намедонанд ба кадом ниҳоде муроҷиат кунанд!

Кормандони "Тоҷикфилм” мегӯянд, чандин маротиба ба роҳбарони қаблӣ ва ба мудири тозатаъйини ин муассиса Раҳмон Носир дар масъалаи маош муроҷиат карданд, вале то ҳол натиҷае надодааст ва маълум ҳам нест, ки маоши онҳо кай пардохт мешавад? Носир Абдураҳим Раҳмон рӯзи 18 апрел бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон мудири муассисаи давлатии "Тоҷикфилм” таъйин шуд.

Як талаби асосие, ки дар назди Носир Раҳмон гузошта шудааст, эҳёи шӯҳратии қаблии "Тоҷикфилм” аст, ки филмҳояш дар даврони Шӯравӣ тамошобини зиёд дошт, вале ҳоло аз он шуҳрати қаблӣ дар ин муассиса танҳо номаш боқӣ мондааст.

Кормандони "Тоҷикфилм” мегӯянд, дар ҳоле ки Ҳукумати ҶТ ба соҳаи кино таваҷуҳ дораду ин ниҳодро ба муассисаи мустақил табдил доданд, вале дар тӯли қариб ним сол бе маош кор фармудани зиёда аз 300 корманди ин корхона болои кормандонаш ҷабр аст. Аз тарафи дигар, мегӯянд онҳо, аз куҷо метавон аз кормандони "Тоҷикфилм” таҳияи филмҳои баландро талаб кард, вақте ки онҳо маҷбуран дар фикри таъмини нони фарзандони худ бошанд, то ба фикр кардан рӯи ғояҳои эҷодӣ?

Як корманди "Тоҷикфилм” дар сӯҳбат бо "Ахбор” гуфт, бемаошӣ наметавонад муҳити барои эҷодкорӣ созгорро дар ин муассиса эҷод кунад: "Як корманди эҷодӣ вақте қариб ним сол моҳ (аз моҳи январ ба ин сӯ) бе маош кор мекунад, аз куҷо метавонад дар фикри эҷод бошаду чизеро эҷод кунад? Ӯ фақат дар фикрест, ки имрӯз ризқи аҳли оилаи худро аз куҷо пайдо кунад? Боз аз кӣ қарз бигирад? Шикоят кунӣ, боз чапат мегиранд, ки ин норозӣ аст...”

Таъмини маоши коргарон як мушкили доғ барои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бахусус дар корхонаҳое, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд. Ҳамзамон бо шикояти кормандони "Тоҷикфилм” ба дасти сомонаи "Ахбор” шикояти муаллимони мактабҳои ноҳияи Восеъ расид. Онҳо мегӯянд, ду моҳ боз маошашонро надодаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон