Дар Душанбе консерти Ирина Лой баргузор мегардад

28 апрели соли 2018 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ консерти хосаи лауреати озмунҳои байналмилалӣ, солисткаи операи Театри калони давлатии академии Ҷумҳурии Беларус Ирина Лой баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи консертӣ инчунин Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Сайфулло Юсупов ва солисти опера Манучеҳр Раҳмонов иштирок мекунанд.

Дар барномаи консертӣ арияҳо аз операҳои «Ромео ва Ҷулйета», «Травиата», «Аида», «Тоска», «Русалка», «Дон Карлос», «Трубадур» ва дигарон иҷро мешаванд.

Роҳбари бадеии барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов, саркоргардон Сайфулло Усмонов, сархормейстер Елена Тиллоева ва сарбалетмейстер Мария Левитская мебошанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон