ОЗМУНИ ҲУНАРМАНДОНИ БЕҲТАРИНИ ХУҶАНД (8 АКС)

Рӯзи 17 апрел дар шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни "Ҳунарманди беҳтарин” оғоз ёфт. Дар даври аввал беҳтарин ҳунармандон дар 22 маҳаллаи шаҳр муайян гардида, ба озмуни аҳрӣ роҳ меёбанд. Дар рӯзи аввали озмун кулолгар Ғаниҷон Зокиров, қуроқдӯз Каромат Ашӯрматова, кешбоф Башорат Ваҳҳобова ва асбобимусиқисоз Абдуғаффор Абдусамадов ғолиб омаданд.

 

Рӯзи 17 апрел дарХона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» байни маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ки бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, баргузор гардид.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар рӯзи аввали даври аввали ин озмун 14 ҳунарманд аз маҳаллаҳои «1-май», «Ҷаббор Расулов», «Содирхон Ҳофиз» ва «Сари баландӣ» ширкат варзида, намунаҳои ҳунари дасти худро ба ҳакамон муаррифӣ карданд.

Бар асоси натиҷагирии ин даври озмун қурокдӯз Каромат Ашӯрматова аз маҳаллаи «Ҷаббор Расулов» дар номиннатсияи «Беҳтарин ҳунар», кешбоф Башорат Ваҳҳобова аз маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» дар бахши «Беҳтарин муаррифӣ», асбоби мусиқисоз Абдуғаффор Абдусамадов аз маҳаллаи «1 май» дар номиннатсияи «Оилаи ҳунарманд», кулолгар Ғаниҷон Зокиров аз маҳаллаи «Сари баландӣ» дар бахши «Беҳтарин устод» ғолиб дониста шуда, ба даври шаҳрии озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» роҳхат гирифтанд.

Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳрдории Хуҷанд баргузории чунин озмунро бо мақсади таъмини рушди устувории ҳунарҳои мардумӣ, эҳё, ҳифз, рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихӣ ва бостонии санъати ҳунармандӣ, тамаддун ва мероси миллӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва ба ин васила мусоидат намудан ба раванди эҷодиёти халқ муҳим арзёбӣ кард.
Рӯзи 18 апрел дар Хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ даври аввали озмуни "Ҳунарманди беҳтарин” байни ҳунармандони маҳаллаҳои Темуралик, Тиллокон ва «Мевағул» доир мешавад. Ҳамин тавр, ҳунармандони ҳамаи 22 маҳаллаи шаҳр дар даври аввали озмун барои ба даст овардани роҳхат ба даври шаҳрӣ талош хоҳанд кард.
Даври ниҳоии Озмуни шаҳрии «Ҳунарманди беҳтарин» дар Рӯзи оила бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода натиҷагирӣ хоҳад шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон