расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ИН ҶАВОНИ ТОҶИКРО КӢ МЕШИНОСАД? ДАР РУСИЯ ЗАДА МАЪЮБАШ КАРДААНД (ВИДЕО)

. / Муҳоҷир

ИН ҶАВОНИ ТОҶИКРО КӢ МЕШИНОСАД? ДАР РУСИЯ ЗАДА МАЪЮБАШ КАРДААНД (ВИДЕО)

Иззат Амон, раҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав хабар дод, ки ин ҷавони тоҷикро субҳи 16 октябр бино бар бад шудани вазъи саломатиаш дар бемористони №7-и Маскав бистарӣ кардаанд. Ӯ гуфтааст, ки дар шаҳри Бугулма дар як ферма кор мекардаанд. Корфармоён маоши бачаҳои тоҷикро надодаанд ва дар ин замина байнашон ҷанҷол шудааст ва ин ҷавонро чунон латтукӯб кардаанд, ки то ҳол тамоми аъзои баданаш меларзад.
Ин ҷавон Алиҷон Нуралиевич Ғаниев ном дошта, 8 январи соли 1994 ба дунё омадааст. Худаш дар видео мегӯяд, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Кушониён, кӯчаи Бахтиёр Иброҳимов, хонаи 21 аст.

Izzat Amon
Ба таваҷҷӯҳи ҳамватанон.
Ин ҷавонро дирӯз бачаҳои Маскав пайдо карда ба Маркази тоҷикон оварданд.
Шаб ин ҷавон манзили мо буд. Наздики субҳ вазъи саломатиаш вахим гашту мо ёрии таъҷилӣ даъват кардем. Алон дар бемористони рақами 7 шаҳри Маскав қарор дорад. Мегӯяд аз ноҳияи Бохтар ҳастам. Мо дар ютуб низ наворро паҳн кардем. Мутаассифона, то ҳол касеро пайдо накардем, ки ӯро бишносад.

Лутфан навиштаро нашр намоед то хешу ақрабои ин ҷавони тоҷика пайдо кунем.

Барояш дуо кунед, ки беҳтар гашта ба назди падару модар ва фарзандаконаш баргардад.
Бо сипос


 

Izzat Amon





 


                                
Ба таваҷҷӯҳи ҳамватанон. 
                                
Бо ташаккур аз дӯстоне,  ки ба мо кӯмак карданд.
                                
Алон бо тағои Ғаниев Алиҷон сӯҳбат доштам. Ҳама чиз маълум шуд. 
                                
Ин ҷавон зери ҳимояи Маркази тоҷикон қарор дорад. Лутфан баҳсу гуфтугӯро хотима бахшед. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.