ҲОЛИ ТАБОҲИ ПАЙКАРАИ ШОИРИ ШИНОХТА МАСТОН ШЕРАЛӢ (6 АКС)

Як хонандаи "Ахбор” бо ирсоли чанд акс хабар дод, ки нимпайкараи шоири шинохтаи асри 20 Мастон Шералӣ дар зодгоҳаш – деҳаи Зери Ҳисори ҷамоати Рӯдакии Панҷакент дар як ҳоли табоҳ қарор дорад. Ин нимпайкара дар саҳни мактаби рақами 52, ки ба номи Мастон Шералӣ аст, гузошта шудааст.

Яке аз хонандагони сомонаи "Ахбор” аксҳоеро фиристод, ки баёнгари ҳоли табоҳи нимпайкараи шоири шинохтаи тоҷик Мастон Шералӣ дар зодгоҳаш – деҳаи Зери Ҳисори ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент аст.

Ин хонанда менависад: "Вой бар ҳоли нимпайкараи Мастон Шералӣ. Устод Мастон зодаи ҳамин деҳаи Зери Ҳисор аст ва хонааш дар фосилаи ҳамагӣ 100 метр аз мактабе, ки номи ӯро дорад, ҷойгир шудааст. Аммо на мудири мактаби рақами 52 Ҷумъабой Бобоевро аз аҳволи табоҳи нимпайкараи шоир парвое ҳаст, на роҳбарони деҳаи Зери Ҳисор, аз ҷумла раис ва вакили деҳа Баҳодур Худойбердиевро ва на масъулони соҳаи фарҳанги шаҳру вилояту ҷумҳуриро. Айб аст, ба Худо, ҳам барои нангу номуси деҳадорӣ ва ҳам барои ватандорӣ!

Президенти муҳтарами мо барои халқи тоҷик заҳматҳои бузурге ба харҷ дода истодаанд. Инак сарҳад кушода шуд, меҳмонҳои зиёде ба зиёрати Панҷакенту ба зиёрати мақбараи устод Рӯдакӣ хоҳанд оманд. Дар Наврӯз Эмомалӣ Раҳмон бояд ба Панҷакент биояд. Агар мабодо чашми меҳмонон ваё чашми президент ба ин ҳайкали хароби устод Мастон Шералӣ биафтад, чӣ хоҳанд гуфт? Фикр накунам, ки барои ин касе "офарин!” шунавад.

Гиряи одам меояд аз дидани ҳайкали Мастон Шералӣ – муаллифи сатрҳои ҷовидонае, ки устод Ҷӯрабек Муродов бар матни он чӣ таронаи зебое мехонданду ҳоло ҳам месароянд:

Тоҷикистон тӯй дорад, дӯстонро интизор,

Бӯстон себаргаву оби равонро интизор.

Кӯҳҳо дар постгоҳи эҳтиром истодаанд,

Саф кашида мизбонон меҳмонро интизор.

Мастон Шералӣ 20 апрели соли 1935 дар деҳаи Зери Ҳисори Панҷакент ба дунё омада, соли 1959 риштаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аввалин ашъори ӯ ҳанӯз дар солҳои 50 нашр шуда, Мастон Шералӣ соли 1964, вақте ҳамагӣ 29 сол дошт, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ пазириуфта шуд. Ӯ муаллифи китобҳои "Мавҷҳои Зарафшон”, "Илҳом”, "Реша дар об”, "Ситораҳо” ва намоишномаҳои "Зол ва Рӯдоба” ва "Зебунисо” буда, ҳамчунин асарҳои зиёдеро, аз ҷумла ашъори Расул Ғамзатовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Мастон Шералӣ шеъри кам, вале хеле пурмаъно мегуфтанд. Мисли ин байташ, ки мегӯяд:

Ман аз мурдан наметарсам, ман аз мурдор метарсам,

Аз он нахле ки месабзад зи чӯби дор метарсам.

Пурсида мешавад, ки магар шоире чунин забардаст баъди маргаш сазовори чунин муносибат бошад?

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон