ТАРОНАИ “МОДАР ФАРИШТА БУД” - ТӮҲФАИ НИГИНА АМОНҚУЛОВА БА МОДАРОНИ ТОҶИК (ВИДЕО)

Овозхони шинохтаи тоҷик Нигина Амонқулова рӯзи иди бонувон – Рӯзи модар таронаи наваш бар пояи шеъри машҳури Озар Салим "Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт”-ро пешкаши мардум кардааст. Нигина дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук навишт, ки ин таронаро ба бонувон ва модарони меҳрубон мебахшад.

 

Шеъри машҳури шоири тоҷик Озар Салим бо номи "Модар фаришта буд” акнун дар ҷомаи тарона ва бо садои овозхони шинохта Нигина Амонқулова пешкаши мардум шуд. Нигина Амонқулова ин таронаи навашро рӯзи 8 март, ки дар Тоҷикистон Рӯзи Модарро ҷашн мегиранд, пешкаши ҳаводорони худ кардааст.


МОДАР ФАРИШТА БУД...

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд ки дошт болу параммо хабар надошт.


Ё дошт ога
ҳӣ зи пару боли хешлек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт.


Дар к
ӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадялек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.


Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,


Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки Модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри"видоъ эй писар" надошт...


Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.


Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.

Шеъри "Модар фаришта буд”-и Озар Салим яке аз қавитарин ашъори солҳои охир дар бораи модар дар адабиёти форсӣ эътироф мешавад. Хабарнигори шинохта Сайёфи Мирзо аз мутолиаи ин шеър чунон ба ваҷд омадааст, ки дар саҳифаи худ навишт: "Баъди ин шеър бояд 10 сол ба шеъри бахшида ба Модар эмбарго гузошт.

Шабакаи телевизионии «Сафина» чанде пеш шеъри «Модар фаришта буд»-ро дар зери як оҳанги хеле хуби Далер Назаров клипи дидание сохтабуд.

 

Дар пайравӣ ба ин шеъри Озар, ки яке аз беҳтарин шеърҳои солҳои охир дар васфи модар шумурда мешавад, чанде дигар аз шоирони тоҷик низ шеърҳои наве дар ситоиши модар гуфтанд. Аз ҷумла Иззатманди Саломиён дар шеъри худ бо ишора ба муқоисаи модар бо фаришта дар шеъри Озар модарро аз ҳуру фаришта ҳам бартар хондааст:

МОДАР СИРИШТАЕСТ КИ АЗ ҲУР БАРТАР АСТ

Модар сириштаест, ки аз ҳур бартар аст,
Аз хоки содаестки аз нур беҳтар аст.

Гар як тарона гуфт в-агар омиёна гуфт,
Онро барои г
ӯши башар ҷовидона гуфт.

Ҳамтои шеъри аллаи ӯ шоире нагуфт,
Дурребапойаллаиӯшоиренасуфт.

Андар ризои ӯст, ки олам мунаввар аст,
Дастидуоиӯст, ки чун Ҳаҷҷи акбар аст.

Андар машоми ҳар нафаре мушк, бӯйи ӯст,
Аксинахустхотираи чашм - рӯйи ӯст:

Дар осмони хотири атфол ҷилвагар,
Як моҳу ду ситораи рахшанда то саҳар.

Гуфтам фариштарост? Зарифе ба ханда гуфт:
- Бигзар аз ин қиёс ки ҳарфест саҳлу муфт.

Афришта пок, лек на бо меҳри Модар аст,
Оне ки бартар астҳамоно ки Модар аст.

 

Мавзӯи модар ҳамеша як мавзӯи асосӣ барои шеъру тарона буду ҳаст. Дар адабиёти тоҷик "Модарнома”-и Лоиқ Шералӣ яке аз қавитарин дар ин мавзӯъ шинохта мешавад. Аз таронаҳои овозхонҳои тоҷик таронаҳои Зафар Нозим ва хонандагони дигари забардасти мо дар мавзӯи модар ба хазинаи тилоии мусиқии тоҷикӣ ворид шудаанд. 


Як чунин таронаҳои хеле маҳбуб таронаи "Модари ман” дар иҷрои Ҷамшед Исмоилов аст, ки инҷо тамошо кунед:

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон