ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА: МОДАРАМ МАРО ТӮҲМАТ КАРД (2 ВИДЕО)

ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА: МОДАРАМ МАРО ТӮҲМАТ КАРД (2 ВИДЕО)

Овозхони шинохтаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова шикояти модарашро, ки гуфтааст, ки Фирӯза ба ӯ ёрдам намекунад, тӯҳмат меномад. Фирӯза Ҳафизова ба сомонаи "Ахбор" гуфт, ки ӯ беш аз ҳар фарзанди дигараш ба модари худ ёрӣ мерасонад, вале... Модари Фирӯза шикоят кардааст, ки маризи диққи нафас шудааст, вале духтараш ба табобати вай кумак намекунад.

Маҳбуба, модари Фирӯза Ҳафизова, овозхони шинохтаи тоҷик мегӯяд, ки духтараш ба вай ёрдам намекунад. Модари Фирӯза Ҳафизова шикоят дорад, ки гирифтори бемории диққи нафас шудааст, вале Фирӯза Ҳафизова аз кӯмак ба табобати ӯ сар печидааст. Ин зан мегӯяд, духтараш пулеро, ки кор мекунад, бо дугонаҳояш сарф мекунад, вале модари маризу дастнигараш ба ёдаш намерасад: "Фирӯза маро нигоҳнамекунад…Манкасалам. Ман модари Фирӯза Хафизоваам. Фирӯза хар хафта кати дугонаҳояш ташкилӣ мекунад, мешинад. Мара нигоҳнамекунад. Пул роҳӣнамекунад. 

Дар паи ин хабар ва таҳқиқи ин моҷаро бо Фирӯза Ҳафизова тамос гирифтем. Фирӯзахост мо аз наздик ҳамсӯҳбат шавем. Фирӯзаро дар манзилаш вохӯрдем. Ҳолати рӯҳиаш хеле ҳузнангез буду чашмонаҳ пур аз ашк ва суҳбат кардан - барояш мушкил.

Фирӯза Ҳафизова рӯзи 7 март дар як суҳбати ихтисосӣ бо сомонаи "Ахбор” даъвоҳои модарашро туҳмат номид. Ӯ гуфт, беш аз ҳар фарзанди дигар ба модари худ дасти ёрӣ дароз мекунад, вале модар хубиҳои ӯро намебинад. Фирӯза Ҳафизова ин норозигии модарро натиҷаи бадкории дигар аъзои оилаашон медонад ва мегӯяд, ки ӯро дар чашми модараш бад мекунанд.

Фирӯза Ҳафизова гуфт:"Хеле аламовар аст, ки маро модарам дар рӯзи ид чунин "тӯҳфакард. Ман дар хонаи пиронсолон хайр мекунам,  магар як модарро саришта карда наметавонам? Кӣ дар хонааш проблем надорад? Як хел одамхое ки маро дар интернет гапҳои пасту баланд гуфтаанд, баьзеаш ба модарашон дар як сол як нон бурдагӣ нестанд. Охир, ман як умр модарамро саришта мекардам, таксиҳои Қӯрғонтеппа шоҳиданд, ки барояш доим пул мефиристодам. О наход модари ман бошиву гирӣ маро чунин шарманда кунӣ? Пагоҳ ба рӯи ман чӣ хел нигоҳ мекунӣ? Вале ман боз мегӯям, ки модари партовӣ надорам.

Малика холаи Фируза, ки аз нохияи А. Ҷомӣ барои хабаргирии ӯ омада буд, аз рух додани ин ҳодиса изҳори ҳайрат кард ва гуфт, Фирӯза тамоми умраш мисли мард дасташ ба модараш мерасид: "Чанд вақт пеш дандонҳои модарашро садафу сафед кард. Ман бо ӯ рӯбарӯ шавам, мегӯям, ки ҳақ нестӣ. Набояд модар фарзандро дар пеши чашми мардум чунин беобрӯ кунад.” 

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон