Боз як тоҷикдухтар ғолиб омад

Тоҷикдухтар Амал Ҳафизова дар озмуни байналмилалии мусиқӣ «Во весь голос» яккахони беҳтарин дониста шуд. Беҳтарин гурӯҳи мусиқӣ- аз Қазоқистон, ҳаваскорони беҳтарин аз Русия эътироф шуданд

Дар байни ҷавонписарон овозхоне аз Молдова — яккахони беҳтарин, ҷавонон аз Қазоқистон — гурӯҳи беҳтарини мусиқӣ, ҳаваскорони беҳтарин — аз Русия интихоб шуданд.

Барномаро шабакаи телевизионии «Мир» созмон додааст ва давраи ниҳоии он 29-уми декабр баргузор шуд.

«Во весь голос» — аввалин тарҳи телевизионӣ мебошад, ки пешниҳод кардааст, истеъдодҳои ҷавон аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Блорус, Қазоқистон, Молдова ва Русия ба ҳам оянд.

Дар озмун наврасони аз 12 то 16 сола ширкат карда метавонанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон