расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даргузашти файласуф Муҳаммадқул Ҳазратқулов

. / Ҳаводис

Даргузашти файласуф Муҳаммадқул Ҳазратқулов


Файласуфи маъруфи тоҷик, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар синни 76 солагӣ аз олам даргузашт. Пайвандонаш мегӯянд, ки марги файласуф барояшон ногаҳонӣ буд, зеро ӯ то дирӯз солим ва сари кор буд.
Раънои Зоирдухт, роҳбари Фарҳангсарои ориёӣ дар шаҳри Истаравшан мегӯяд, ки марги Ҳазратқулов тамоман ногаҳонӣ буд:
“Зиёда аз 20 сол шуд, ки Донишномаи Истаравшанро чоп карданӣ ҳастанд. Вале касе ин корро ба сомон расонида натавонист. Ду-се сол пеш устод Муҳаммадқул Ҳазратқулов ин масъулиятро ба дӯш гирифта, китобро ба охир расониданд. Як ҳафта қабл ҳамроҳи академик Кароматулло Олимов китобро ба назди раиси шаҳр дароварда супоридем. Хурсанд буданд. Раиси шаҳр ҳам моро табрик гуфтанд. Дирӯз дар Фарҳангсарои ориёӣ буданд, шаб телефонӣ суҳбат доштем».
Наздикони Ҳазратқулов мегӯянд, ки шабона якбора фишори файласуф баланд шудаву ҷон месупорад.
Муҳаммадқул Ҳазратқулов 5 ноябри 1944 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Доктори илми фалсафа, профессор мебошад. Факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин соли 1967 ба поён расонда, дар вазифаҳои корманди илмӣ ва мудири шуъбаи Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), муаллим ва мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқу фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1996—2006 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон машғули тадрису таҳқиқ буд. Доманаи таҳқиқаш васеъ аст, мавриди ҳикмати адибони классикии форс-тоҷик, ҷараёни тасаввуф, анъанаҳои бостонии мардуми форсзабон, идҳои суннатии ниёгон, тамаддуни ориёиҳо ва ғайра зиёда аз дусад асару мақола навиштааст.
“Философские взгляды Садриддина Ширази” (1975), “Баъзе масъалаҳои ҳастӣ ва ҳаракат дар асрҳои миёна” (1975), “Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам” (1985), “Тасаввуф”, “Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ” (2006), “Ислом ва Абуҳанифа” ( 2009), “Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол” (2012) китобҳои муҳимми проффессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов ҳастанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.