СӮҲБАТИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ РИШ (ВИДЕО)

  • 27.10.2017, 07:30,
  • Дин
  • Хонанда: 1 495
  • 0
 

 

 

Дар як видео, ки чанд сол пеш дар меҳмонии Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ сабт шудааст, президент Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ки ба бархе риш хеле мезебад ва худи ӯ шахсан ба як муҷоҳид бо номи Эшони Зайниддин иҷозат дода буд, ки ришашро натарошад. Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ки риши Эшони Зайниддин мисли табақ бузург, вале суп-сурх ва хеле зебову зебандааш буд.

 

Яке аз хонандагони сомонаи "Ахбор” як сӯҳбати нодири президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фарҳанги ришгузориро фиристод. Ин навор тақрибан 6 сол пеш дар водии Рашт, дар ҷараёни меҳмондории Эмомалӣ Раҳмон дар манзили рӯҳонии маъруфи муқими ин минтақа Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ сабт шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон баъди бархостан аз сари дастурхон бо эҳтиром даст пеши бар гирифта, Домулло Ҳикматуллоҳро пеш мегузаронад ва худаш аз қафои ӯ аз зинаҳо пойин мешавад.

Вақте Эмомалӣ Раҳмон дастонашро шусту бо сачоқ пок мекард, ногаҳон дар бораи ришгузорӣ сӯҳбат кард:

"Ман аз муҷоҳидон ба як касаш иҷозат додам, гуфтам, ки натарош. Язғуломиҳо як нафар доштанд бо номи Эшони Зайниддин. Язғулом рафтем, ки яке омаданд, ҳамааш ҷамъ шуданд. Рише дошт мисли ҳамин табақ, ана ҳамин қадар (бо дасташ нишон медиҳад). Суп – сурх аст, ранги чароғ аст. Ман гуфтам, ришатро боз ранг накарда бошӣ? Баъд нигоҳ кардам, ки дар онҷо мӯи қисми зиёди мардум ҳамин ранг аст. Баъд гуфтам, ки ба худат иҷозат, натарош! Лекин як рӯз кадоме гуфт, ки ришашро тарошидааст. Бачаи ёш буд, лекин ҳамин қадар риши зебое дошт.

Ё ана риши шумо (ба як марди рӯбарӯяш ишора мекунад) ниҳоят зебанда аст.

Лекин як хел кӯсаҳоямон...

Хонаи Худо рафтем, дигару дигар ҷойҳо рафтем, дидем, ки тозагию озодагии ришро нигоҳ медоранд. Нигоҳубини риш ҳеҷ ҷои айб надорад. Бинед, ки арабҳо ҳамаашон ришҳояшонро ранг мекунанд. Қайчӣ мекунанд, дар синни 70,80, 80 ҳам бошанд, ришаш дар нӯги фукашон ранг кардагӣ суп-сурх аст. Дидед шумо ҳам? Бобои Домулло, дидед шумо?”

 

Ин дар ҳолест ки солҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи маъракаҳои зидди мардуми ришдор ва ҳатто маҷбуран тарошидани риши мардон гузоришҳои зиёд ба даст мерасад. Ин маъракаҳоро дар матбуот ҳатто шӯхиомез "риштарошон” ном додаанд.

Ду сол пеш раҳбари пулиси вилояти Хатлон ҳатто гуфт, ки танҳо дар ин вилоят дар соли 2015 риши 12 800 нафарро "ба тартиб овардаанд.”

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Истамбули Туркия дар посух ба суол дар бораи таъқиби ришдорон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки кадом қонуне барои манъи гузоштани риш дар кишвар вуҷуд надорад, балки риши мардумро ба далелҳои амниятӣ ба тартиб меоранд: "Мамнуияти доштани маҳосин (риш) дар Тоҷикистон барои ҳамаи мардон нест ва чунин қонуне ҳам қабул нашудааст. Ин иқдом сирфан аз ҷанбаи амниятӣ ва усулан барои мутобиқати зоҳири воқеии инсонҳо ба аксҳои шиноснома ва гузарномаҳояшон иҷро мешавад. Албатта, далели дигар нуфузи бархе аз аносири гурӯҳҳои мухталиф аз кишвари ҳамсояи Афғонистон аст. Боз мегӯям, ки ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад ва ин иқдом танҳо барои шиносоии беҳтари шаҳрвандон мавриди истифода қарор мегирад.”

Аҳли суннат гузоштани ришро суннати Паёмбар Муҳаммад (с) мешуморанд. Ҳамчунин дар солҳои охир дар байни ҷавонон фарҳанги ришмонӣ муд шуд, ки бештар аз Ғарб бархоста ва ангезаҳои динӣ надорад.

Мубориза бо риш дар Тоҷикистон бахусус баъди оғози мубориза бо ҷараёни мамнӯи мазҳабии Салафия авҷ гирифт. Пайравони ин равия бо ришҳои дароз ва почаҳои борики шимҳои худ, баланд гуфтани "омин” дар байни намоз, кушод гузоштани пойҳояшон ҳангоми адои намоз ва намоишкорона адо накардани намозҳои суннатӣ фарқ мекарданд.

 

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ки 76 сол дорад, аз рӯҳониёни маъруфи суннатгароиТоҷикистон астРаисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пайравони Домуллоҳ Ҳикматуллоҳ башумор рафтадар ҳар сафараш ба водии Рашт бо ӯ алоҳида мулоқот мекунад. Бародари президент Нуриддини Раҳмон низ рӯзи 7 октябр, ки аз олам чашм пӯшид, ба зиёрати Домулло Ҳикматуллоҳ ба Тоҷикобод рафта буд.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон