ТӮРАҶОНЗОДАҲО БА ХОНАИ БАРОДАРИ ПРЕЗИДЕНТ ФОТИҲАХОНӢ РАФТААНД

  • 23.10.2017, 06:17,
  • Дин
  • Хонанда: 2 539
  • 0
Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода

 

 

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷон ахиран ба Данғара ба хонаи бародари президент Нуриддин Раҳмон, ки рӯзи 7 октябр даргузашт, фотиҳахонӣ рафтаанд. Тӯраҷонзодаҳо баъди баста шудани масҷидашон дар зодгоҳи худ чанд сол боз гӯшанишин шуда, дар маҳзари ом хеле кам зоҳир мешаванд.

 

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, баъди даргузашти бародари калонии президент Нуриддин Раҳмон, бародарон Тӯраҷонзодаҳо, намояндагони яке аз сулолаҳои рӯҳонии маъруфи Тоҷикистон, ба ноҳияи Данғара барои фотиҳахонӣ рафтаанд.

 

Яке аз онҳое, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳоро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекард, гуфт, тақрибан ҳамаи Тӯраҷонзодаҳо, аз ҷумла қозии собиқ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Эшони Нуриддинҷон, Эшони Маҳмудҷон ва дигар бародарони онҳо якҷо ба Данғара рафтанд: "Ин рӯзи сеюми баъди даргузашти бародари калонии президент буд. Бародарон Тӯраҷонзодаҳои писари Нуриддин Раҳмон қабул кард. Азбаски дар хонаи марҳум Нуриддин Раҳмон фотиҳахон хеле зиёд буд, ҳазратҳо зиёд нанишастанд. Ягон 20 дақиқа нишастанд онҷо, дар ҳаққи марҳум суханони хуб хонданд ва ба арвоҳи акаи Нуриддин ва дигар гузаштагони ӯву президент дуо хонданду хестанд.”

Дар рӯзи барои фотиҳахонӣ рафтани Тӯраҷонзодаҳо президент дар Данғара набуд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 октябр барои мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва ширкат дар нишасти сарони СНГ ба шаҳри Сочии Русия рафта буд.

 

Нуриддин Раҳмон, бародари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 7 октябр дар синни 67 бар асари сактаи дил вафот кард ва рӯзе баъд дар зодгоҳаш – ноҳияи Данғара дар оромгоҳи Мавлоно Тоҷиддин дар канори мазори волидонаш ба хок супурда шуд.

Ҳоҷӣ Акбар, Нуриддинҷон ва Маҳмудҷон – се намояндаи аз ҳамаи маъруфи хонаводаи марҳум Эшони Тӯраҷон, яке аз раҳбарони шохаи ҷаҳрияи тариқати Нақшбандияи аҳли Сӯфия мебошанд. Баъди даргузашти Эшони Тӯраҷон раҳбарии ин равияро Эшони Нуриддинҷон ба даст гирифт.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки соли 1988 қозии мусалмонони Тоҷикистон интихоб шуд ва ба сиёсат рӯ овард, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муовини раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик буд. Баъди имзои созишномаи сулҳ Тӯраҷонзодаро муовини сарвазир таъйин кард. Ӯ дар ин мақом то соли 2006 кор кард ва як навбат вакили Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳам буд. Дар соли 2013 Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода боз як бори дигар барои муддати кӯтоҳе ба сиёсат баргашт ва аз номзади ягонаи мухолифин ба мақоми президент Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ кард. Дар ниҳоят Бобоназарова ба интихобот роҳ наёфт ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ҳам боз аз сиёсат канор рафт ва дар зодгоҳаш гӯшанишиниро ихтиёр кард.

 

МАВЛУДИ ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАҶОНЗОДА


 

Тӯраҷонзодаҳо, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Тоҷикистон карда буданд, баъди бозгашташон дар зодгоҳи худ – деҳаи Туркобод (ҳоло – Ваҳдатобод)-и Ваҳдат масҷиди мӯҳташамеро бо номи масҷиди "Муҳаммадия” сохтанд, ки ба маҳзи маъвизаҳои Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷон ба яке аз пуртарафторин масоҷид дар Тоҷикистон табдил ёфт ва ҳар рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон барои адои намози ҷамоат ва шунидани маъвизаҳои навбатии Тӯраҷонзодаҳо садҳо километр роҳро тай карда, ба Туркобод меомаданд.

Аммо дар соли 2012 раиси нави Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода Эшони Нуриддинҷонро ба баргузории маросими бештар ба шиаҳо хоси Ошӯро айбдор кард ва масҷиди Тӯраҷонзодаҳоро ба масҷиди панҷвақта табдил дода, ин рӯҳониёни маъруфро аз ҳаққи имоматӣ ва мавъиза гуфтан маҳрум карданд.

Тӯраҷонзодаҳо талош карданд, то аз тариқи додгоҳ мақоми масҷиди ҷомеъро барои масҷидашон барқарор кунанд, вале ин талошҳо натиҷае надод.

Дар пасманзари саркӯбҳои ахири рӯҳониён дар Тоҷикистон Тӯраҷонзодаҳо амалан дар як ҳошия қарор дода шудаанд ва дигар тақрибан дар ҳеҷ ҷое мавъиза намекунанд. Ҳарчӣ дар Интернет чоп мешавад, асосан аз суханрониҳои чанд сол пеши ин рӯҳониёни машҳур аст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон