БАҲСИ ҲНИТ ВА ОШӮБИ ҲОҶӢ ҲАЛИМ ДАР МУЛОҚОТИ САИДМУКАРРАМ БО МУФТИИ ИСТАМБУЛ

  • 19.10.2017, 06:30,
  • Дин
  • Хонанда: 388
  • 0
 

 

Дар мулоқоти раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтии аъзами Истамбул Ҳасан Комил Йилмаз дар баробари ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи озодии дин дар Тоҷикистон ҳамчунин ошӯби нокоми Ҳоҷӣ Ҳалим, масъалаи ҲНИТ ва ошӯби низ нокоми Туркия баррасӣ шудааст.

 

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки бо силсиласафаре дар хориҷ қарор дорад, рӯзи 16 октябр дар шаҳри Истамбули Туркия бо муфтии аъзами Истамбул профессор Ҳасан Комил Йилмаз мулоқот кардааст.

Бино ба иттилоияи расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон, ду муфтӣ дар ин дидор масоили ҳамкориҳои динӣ байни Туркияву Тоҷикистонро баррасӣ карда, гуфтаанд, пайравии мардуми ҳарду кишвар аз як мазҳаби ҳанафӣ метавонад ба ҳайси заминаи муҳиме барои рушди равобити ду кишвар хидмат кунад: "Мардуми Тоҷикистон ва Туркия пайравӣ аз як мазҳаби ягона, яъне мазҳаби ҳанафӣ мекунанд, ки он дар ҳарду кишвар ҳамчун мазҳаби расмӣ шинохта шудааст. Инчунин таъкид бар он доштанд, ки яккамазҳабӣ омили муҳимми сулҳу субот дар замони кунунӣ ба шумор меравад. Таманнои онро намуданд, ки ин робитаи дўстонаро дар оянда низ боз ҳам мустаҳкамтар намуда, барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ифротӣ саъю кўшиши худро ба харҷ бояд дод.

Бино ба ин манбаъ, ҳарду ҷониб яккамазҳабиро омили муҳими сулҳу субот дар замони муосир хонда, хостори тақвияти равобит ва пешгирӣ аз амалҳои ифротӣ шудаанд: "Ҷонибҳо бо изҳори хушнудӣ аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, омодагии хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар мавриди ҳолати озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористии наҳзат ва "ФЕТО” таъкид намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Неъматулло Олимов, ёвари Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 18 октябр аз шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” аз қавли намояндагони ҳайъате ки дар мулоқоти Истамбул ҳузур дошт, гуфт, Абдулқодирзода дар дидор бо муфтии Истамбул табаддулоти 15 июли соли 2016 дар Туркияро маҳкум карда, изҳор доштааст, ки мақомоти Тоҷикистон бо Туркия дар ин самт ҳамкории лозимаро ба роҳ мондаанд. Абдулқодирзода ҳамчунин дар бораи аъмоли ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши табаддулоти низомии моҳи сентябри соли 2015 ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода сӯҳбат кардааст ва муфтии Истамбул дар вокуниш гуфтааст, ки "Диёнати Ҷумҳурии Туркия ҳамагуна табаддулотҳо, аз ҷумла табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби Абдуҳалим Назарзода зери роҳбарии ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, маҳкум менамояд.

Аммо дар хабаре ки дар бораи мулоқоти муфтиёни Истамбулу Тоҷикистон дар сомонаи расмии муфтиёти Истамбул нашр шудааст, сухане дар бораи маҳкум кардани ҲНИТ гуфта намешавад. Дар ин гузориш танҳо гуфта мешавад, ки муфтии Истамбул Ҳасан Йилмаз муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва ҳайъати ҳамроҳонаш, аз ҷумла сафири Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҷабиён ва консули Тоҷикистон дар Истамбул Мирзобиддин Сафаровро ба ҳузур пазируфт: "Муфтии Истамбул Йилмаз бо изҳори қаноатмандӣ гуфт, байни Тоҷикистону Туркия равобити ҳасанае ба роҳ афтодааст. Муфтӣ Саидмукаррам бо таъкиди ин ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ аз Тоҷикистон аст, изҳор дошт ки шахсиятҳои зиёди таърихиву рӯҳонӣ ду кишварро ба ҳам мепайванданд. Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам ба муфтии Истамбул Йилмаз ҳамчун аломати тақвияти равобити байни ду кишвар ҷомаву локии тоҷикӣ тӯҳфа кард.”

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Неъматулло Олимов, ёвари муфтии Тоҷикистон гуфт, Саидмукаррам Абдулқодирзода баъди Туркия ба манзури ширкат дар як анҷумани исломӣ ба Ҷумҳурии Мисри Араб рафтааст. Ӯ рӯзи 21 октябр ба Тоҷикистон бар хоҳад гашт.

Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015, дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим манъ ва ин ҳизб ба рӯйхати аҳзоби ифротию террористӣ шомил карда шуд. Раҳбарони ҲНИТ ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро танҳо як баҳона барои бастани бузургтарин ташаккули мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон мешуморанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода аз тарафдорони манъи фаъолияти ҲНИТ буда, дар мавъизаҳову мусоҳибаҳояш батакрор мегӯяд, ки Ислом ба ҳизби сиёсӣ ниёз надорад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон