расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Даргузашти ҷарроҳи варзида ва инсони самимӣ Икром Болтабоев

. / Ҷомеа

Даргузашти ҷарроҳи варзида ва инсони самимӣ Икром Болтабоев

Аввали моҳи сентябр ӯ бо бемории коронавирус дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Икром Болтабоев
Сурат: Asia-Plus
Имрӯз дар шаҳри Душанбе мудири шӯъбаи нуқсонҳои модарзодӣ ва иқтибосии дили МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» Икром Болтабоев аз олам даргузашт.
Табиби варзида аввали моҳи сентябр бо бемории коронавирус дар бемористон бистарӣ шуда, аз он шифо ёфта натавонист.
Икром Болтабоевро ҷарроҳи худодод мегуфтанд. Ӯ ҷони садҳо нафар хурдсолону калонсолонро наҷот додааст. Чанде аз кӯдаконро ӯ аз ҳисоби пули худаш, инчунин тифлони моҳашон нопурра таваллудшударо ҷарроҳӣ карда буд.
Икром Болтабоев
Дар ҷумҳурӣ ӯ аз аввалинҳост, ки дили тифли ҳамагӣ 3 кило вазндоштаро ҷарроҳӣ карда буд. Барои Тоҷикитсон ин ҷарроҳӣ боз аз он лиҳоз нодир буд, ки он бо истифода аз дастгоҳи сунъии хунгардӣ гузаронида шуд. Ҳатто ҷарроҳии дили тифли серӯзаи вазнаш 2,5 килоро ба уҳда гирифта буд.
Бемории Икром Болтабоев душвор ҷараён гирифта, ӯ ба дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ (ИВЛ) пайваст шуда буд. Ахиран зикр гардида буд, ки вазъи солимиаш рӯ ба беҳбудӣ меорад, лекин имрӯз дилаш аз тапидан бозмонд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.