НОМИ АЛЛОҲ ДАР ПАРДАИ ОСМОН (ВИДЕО)

  • 21.09.2017, 05:30,
  • Дин
  • Хонанда: 944
  • 0

Дар видеое, ки яке аз хонандагони "Ахбор” фиристод, дида мешавад, ки дар пардаи осмон дар байни абрҳо навиштаҷоте монанд ба исми Аллоҳ пайдо мешавад ва мардум бо садои "Аллоҳ Акбар” аз он истиқбол мекунанд. Ин видео шоми 27 июн дар ҷашни иди Ваҳдат дар варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат сабт шудааст.

Яке аз хонандагони "Ахбор” видеоеро фиристод, ки мегӯяд, шоми 8 сентябр ҳангоми таҷлили иди Ваҳдат дар шаҳри Ваҳдат сабт кардааст. Дар навор дида мешавад, ки дар осмон дар байни абрҳо навиштае монанд ба исми Аллоҳ бо ҳуруфи арабӣ зоҳир мешавад. Мардуми дар ҷашни истиқлол ҷамъшуда бо дидани ин навишта дар осмон ҳама паи ҳам "Аллоҳ Акбар!” мегӯянд.

Мардуми диндор маъмулан чунин зуҳуротро ҳамчун аломат қабул мекунанд ва ба чунин аломатҳо арҷ мегузоранд.

Чанд сол пеш дар Ҳисор баррае таваллуд шуда буд, ки ба гуфтаи соҳибаш, дар пашми баданаш "Аллоҳ” хонда мешуд. Мардум аз гӯшаву канори дуру наздик барои дидан ва зиёрати ин барра ба Ҳисор меомаданд. Сарнавишти баъдии ин барра маълум нест.

Ҳамин тавр, ҳар сари чанд вақт дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон санг ё ягон ашёи дигарро пайдо мекунанд, ки гуфта мешавад, дар он исми Аллоҳ навишта шудааст.

Вале бархе олимон чунин иттифоқотро як амри тасодуф мешуморанд ва мегӯянд, дар чунин навиштаҳо ҷустани кадом аломати илоҳӣ заминаи илмӣ ва динӣ надорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон