расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Русия дар фикри шурӯи парвозҳо ба ҳафт кишвар аст. Тоҷикистон номбар намешавад

. / Ҷомеа

Русия дар фикри шурӯи парвозҳо ба ҳафт кишвар аст. Тоҷикистон номбар намешавад

Русия масъалаи аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳоро ба ҳафт кишвар, аз ҷумла, Фаронса, Венгрия (Маҷористон), Малта, Қибрис (Кипр), Урдун, Миср (танҳо шаҳри Қоҳира) ва Чин (танҳо шаҳри Шонгҳой) баррасӣ мекунад.
Нашрияи "Известия" рӯзи 24-уми август бо такя ба манбаъҳояш дар мақомоти соҳаи ҳавонавардӣ навишт, дар ҷаласаи ситоди изтирории «Росавиатсия» ва «Роспотребнадзор» рӯзи 18-уми август ба мақомот супориш шудааст, имкони боз кардани роҳҳои ҳавоиро бо ин кишварҳо ҳаллу фасл кунанд.
Бахши русии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ситоди изтирорӣ хабари кушодани роҳҳои иртиботии навро тасдиқ накарданд. Намояндаи ин ниҳод гуфтааст, “феълан қарорҳои нав дар бораи боз шудани парвозҳои байналмилалии иловагӣ бо кишварҳои хориҷӣ қабул нашудааст”.
"Известия" менависад, қарор метавонад рӯзи 25-уми август омода ва дар ҷаласаи ситоди изтирорӣ эълон шавад. Сафар ба Аврупо на барои ҳама имконпазир мешавад.
Манбаи нашрия гуфтааст, парвозҳо ба Фаронса, Венгрия ва Малта танҳо барои онҳое иҷоза мешавад, ки соҳиби иҷозаи иқомат, кор ва ё далелҳои тиббӣ ҳастанд.
Интизор намеравад, ки ба самти кишварҳои дигари аврупоӣ парвозҳо пурра барқарор шаванд. Бо сабаби пандемияи коронавирус рӯзи 27-уми март парвозҳои байналмилаливу чартерӣ аз Русия ба хориҷ қатъ шуд.
Русия рӯзи 1-уми август парвозҳои маҳдудро бо Бритониё, Туркия ва Танзания аз сар гирифт ва 15-уми август иҷозаи парвоз ба Швейтсарияро дод.
Феълан ҳеч хабаре дар бораи эҳтимоли ба роҳ мондани парвозҳо ба самти кишварҳои дигаре ба монанди Тоҷикистон нашр намешавад. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 15-уми август хабар дод, ки то охири ин моҳ байни ду кишвар 55 парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.