расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт

Ҷомеа / Варзиш

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал ё худ футболи хурд таҳти раҳбарии Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи “С”-и даври гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё дар Бангкок (Таиланд) зинаи аввалро ишғол намуд.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии сеюми охирин дар гурӯҳ байни футзалистони тоҷик бо қаҳрамони амалкунандаи Осиё - мунтахаби Ҷопон мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт. Вохӯрии дигари гурӯҳ байни дастаҳои Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ низ мусовӣ - 5:5 анҷом ёфта, футболбозони қирғиз зинаи дуюмро ишғол намуданд.

Дар ду бозии аввал дар гурӯҳи “С” мунтахаби Тоҷикистон тими Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бо дастаи Қирғизистон бозиро мусовӣ - 2:2 анҷом дода буд. Мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи худ бори 12-ум дар даври финалии Ҷоми футзали Осиё ширкат варзида, маротибаи сеюм аст, ки ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад.
Дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2024 футзалистони тоҷик бо тими Афғонистон бозӣ мекунанд. Ин бозӣ пагоҳ, рӯзи чоршанбе 24 апрел доир гардида, соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Аз рӯи натиҷаҳои Ҷоми Осиё 5 дастаи беҳтарин (ба ҷуз Ӯзбекистон - мизбони чемпионат) ба Чемпионати ҷаҳон-2024 оид ба футзал роҳхат мегирад. Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Дар ҷуфтҳои дигари даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024 рӯзи 24 апрел Таиланд бо ИроқӮзбекистон бо Ветнам ва Эрон бо Қирғизистон бозӣ мекунанд. Бозиҳои нимфиналӣ рӯзи 26 апрел ва вохӯрии финалӣ санаи 28 апрел баргузор мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.