расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар қаламрави минтақаҳои кӯҳии ҷумурӣ хатари фаромадани тармаҳо боқӣ мемонад.

Асосӣ / Ҷомеа

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар қаламрави минтақаҳои кӯҳии ҷумурӣ хатари фаромадани тармаҳо боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар қаламрави минтақаҳои кӯҳии ҷумурӣ хатари фаромадани тармаҳо боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо истинод ба ин маълумот огоҳ мекунад, ки аз ҷумла, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва манотиқи ғарбии ВМКБ хатари тарма ва резиши санг эҳтимол дорад.
Гуфта мешавад, хатари фаромадани тарма ва сангреза дар ин манотиқ эҳтимоли зиёд дорад.
“Аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунед, - омадааст дар хабари Кумита. - Рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ, гузор аз минтақаҳои тармахез маслиҳат нест”.
Зикр мегардад, ки хатари лағзиши тарма ва резиши санг ҳамоно дар  минтақаҳои ВМКБ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ — Ишкошим зиёд аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.