Оё медони ки ҳақи парвардигорат бар ту чист?

  • 27.07.2017, 08:26,
  • Дин
  • Хонанда: 364
  • 0

Оё медони ки ҳақи парвардигорат бар ту чист? Ва аз Муъоз ибни Ҷабал (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: “Ман ҳамроҳи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар улоғе (харе) савор будем, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ман гуфтанд: Эй Муъоз! оё медонӣ, ки ҳаққи Аллоҳ бар бандагонаш чист ва ҳаққи бандагон бар Аллоҳ чист? Гуфтам: Аллоҳ ва расулаш донотаранд. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳаққи Аллоҳ бар бандагонаш ин аст, ки танҳо ва ягона Ӯро ибодат кунанд ва ба Ӯ чизеро шарик наёранд. Ва ҳаққи бандагон бар Аллоҳ ин аст, ки азоб намекунад Аллоҳ он касеро, ки ба Ӯ ширк наварзидааст. Гуфтам: Эй Паёмбари Аллоҳ! Оё мардумро башорат (хушхабар) диҳам? Паёмбар фармуд: Мардумро ба ин амр мужда мадеҳ, вагарна ба ин башорат эътимод хоҳанд кард (яъне: аз амал кардан танбалӣ мекунанд). ��(Ривояти Бухорӣ 2856, Муслим 30)��
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон