расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВУҶУДИ МУАММО БО ПУЛҲОИ БО CONTACT ФИРИСТОДАШУДАРО ТАСДИҚ КАРД

Асосӣ / Ҷомеа

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВУҶУДИ МУАММО БО ПУЛҲОИ БО CONTACT ФИРИСТОДАШУДАРО ТАСДИҚ КАРД

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВУҶУДИ МУАММО БО ПУЛҲОИ БО CONTACT ФИРИСТОДАШУДАРО ТАСДИҚ КАРД
Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 28 феврали соли 2024 дар як итттилоияи расмӣ тасдиқ кард, ки баъди манъи фаъолияти низоми пулфиристии Contact “муаммои гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда” ба вуҷуд омадааст ва Бонки миллӣ ин мушкилро зери назорат қарор дода, бо намояндагони Contact дар тамос буда, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои ин ширкат дар назди шаҳрвандон кор бурда истодааст.
Бонки миллии Тоҷикистон дар иттилоияаш гуфт: “Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки бо қарори Бонки марказии Федератсияи Россия аз санаи 21 феврали соли 2024, №ОД – 266 иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ аз КИВИ БОНК, ки оператори низоми пардохтии “CONTACT” мебошад, бозхонд гардид.
Дар ин асно, фаъолияти низоми пардохтии “CONTACT” дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маъмурияти муваққатии КИВИ БОНК пурра маҳдуд карда шуда, пардохт ё бозхонди маблағҳои қаблан интиқолшуда ғайриимкон гардид.
Ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки айни ҳол муаммои гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда ҷой дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳолати мазкурро зери назорат ва мониторинг қарор дода, бо намояндагони низоми болозикр дар тамос мебошад ва ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои низом дар назди шаҳрвандон корбарӣ намуда истодааст. Ҳамзамон дар мавриди пайдо гардидани маълумоти нав иловатан хабар дода мешавад”.
 Тавре қаблан хабар додем, бисёре аз бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Амонатбонк”, “Ориёнбонк”, “Спитаменбонк”, “Душанбе Сити” ва ташкилоти хурди “Ҳумо”, ҳамкориро бо Contact, ки ба бонки  Киви тааллуқ дошт,  билофосила баъди аз ҳаққи фаъолият маҳрум шудани ин бонк қатъ карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.