расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Парлумони Маҷористон президенти навро интихоб намуд

. / Ҷаҳон

Парлумони Маҷористон президенти навро интихоб намуд

 26 феврал парлумони Венгрия сарвари нави давлат – Тамаш Шуйокро интихоб намуд, ки қаблан раиси Суди конститутсионӣ буд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ТАСС хабар додааст.
Тамаш Шуйок дар мансаби президентӣ Каталин Новакро иваз менамояд.
Интихоби сарвари нави давлат дар рӯзи аввали иҷлосияи баҳорӣ баргузор гардид. Номзадии Тамаш Шуйоки 67 — сола аз ҷониби эътилофи ҳизбҳои ҳокими «ФИДЕС- Иттиҳоди шаҳрвандии Маҷористон» ва шарикони хурди онҳо —  демократҳои масеҳӣ пешниҳод шуд. Ҳангоми овоздиҳӣ ҳамаи вакилони тарафдори ҳукумат ба ҷонибдории Шуйок баромад намуданд, ки ин пирӯзии ӯро дар даври аввал таъмин намуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.