расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ГЕНЕРАЛ ШАРИФ НАЗАРЗОДА САРДОРИ МИЛИТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАЪЙИН ШУД

Асосӣ / Ҷомеа

ГЕНЕРАЛ ШАРИФ НАЗАРЗОДА САРДОРИ МИЛИТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАЪЙИН ШУД

ГЕНЕРАЛ ШАРИФ НАЗАРЗОДА САРДОРИ МИЛИТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАЪЙИН ШУД
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон шоми 30 январи соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри ду акс хабар дод, ки дар толори ин идора дар шаҳри Бохтар бо иштироки роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ маросими шиносоии сардори нави раёсат баргузор гардид. Дар хабар гуфта мешавад, ки санаи 29 январи соли ҷорӣ генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъин гардид.  Шариф Назарзода дар мақоми раҳбари милитсияи ҷануби Тоҷикистон генерал-майор Файзулло Нозимзодаро иваз кард, Генерал Нозимзода ҳамроҳи ҳамаи муовинонаш ва раҳбарони дигар ниҳодҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб рӯзи 19 январ бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон аз мансаб барканор шуда буд.
Баъди барканории роҳбарони ниҳодҳои қудратии тамоми ҷануби Тоҷикистон инак ҳафтаи дуюм аст, ки ба ҷои рафтаҳо нафарони нав сари кор омада истодаанд.
Қаблан хабар омад, ки Ба ҷои Абдураҳим Раҳимов ба мақоми додситони вилояти Хатлон Аваз Назарзодатаъйин шудааст. Як манбаи “Азия Плюс”  дар додситонии вилоят хабар дод, ки  Назарзода ба ҳайси додситони вилоят рӯзи шанбе, 27 январ ба кормандон муаррифӣ карда шудааст. Лозим ба гуфтан аст, ки додситони нави вилояти Хатлон Аваз Назарзода низ мисли раҳбари нави милитсияи ин вилоят аз Бадахшон оварда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.