расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ШАҲРИНАВ ВА ДУЗДИИ ТЕЛЕФОНУ ДАСТГОҲИ АККОСӢ ВА НОУТБУК ДАР ФАРХОР

Асосӣ / Ҷомеа

МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ШАҲРИНАВ ВА ДУЗДИИ ТЕЛЕФОНУ ДАСТГОҲИ АККОСӢ ВА НОУТБУК ДАР ФАРХОР

МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ШАҲРИНАВ ВА ДУЗДИИ ТЕЛЕФОНУ ДАСТГОҲИ АККОСӢ ВА НОУТБУК ДАР ФАРХОР
22-юми январи соли 2024, тахминаи соати 16:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Oпел-Астра”, Нуралиев Муҳаммадҷон Сафаралиевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Худойқулов Абдулло Раҳимҷонович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудаст. Дар натиҷа, дучархарон Худойқулов А.Р. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, пас аз чанд соат ба ҳалокат расидааст.
хххххххххххххх
Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза пирамарди 74-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми январи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 1-адад таҷҳизоти аксбардории тамғаи “Никон”, 1-адад телефони мобилии тамғаи “ҶИ-1” ва 1-адад ноотбуки тамғаи “Асус”-ро, ки арзиши умумиашон 5 ҳазору 470 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 40-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 КҶ ҶТ суд шудааст, содир намудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.