расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР 11 СОАТ БАДАХШОНИ ТОҶИКИСТОНРО ДУ ЗАМИНЛАРЗА ТАКОН ДОД

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР 11 СОАТ БАДАХШОНИ ТОҶИКИСТОНРО ДУ ЗАМИНЛАРЗА ТАКОН ДОД

ДАР 11 СОАТ БАДАХШОНИ ТОҶИКИСТОНРО ДУ ЗАМИНЛАРЗА ТАКОН ДОД
Дар байни 11 соат: нимаи дуюми рӯзи 29 ноябр ва шаби 30 ноябри соли 2023 дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду заминларзаи иқтидорашон аз 4 балл боло сабт шудааст.
Бино ба иттилои марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла пойгоҳи интернетии http://xn--arthquaketrack-zvl.com/, ки заминларзаҳо дар саросари сайёраро ба сурати шабонарӯзӣ пайгирӣ ва сабт мекунад, заминларзаи аввал нимаи дуюми рӯзи 29 ноябр, соати 15:59 ба вақти Тоҷикистон дар умқи 127-километри зери бистари замин рух дода, иқтидори он дар марказаш, 31-километрии шаҳраки Мурғоб тибқи ҷадвали Рихтер 4,5 баллро ташкил додааст. Заминларзаи дуюм соати 03:09 шаби 30 ноябри соли 2023 дар умқи 124-километри зери бистари замин  рух дода, иқтидори он дар марказаш, 27-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,4 баллро ташкил додааст. Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин ду заминларзаи рухдода дар қаламрави ҷумҳуриро ҳанӯз шарҳ надодааст. Дар бораи кадом хисорот ё осеб дидани одамон бар асари ин офатҳои табиӣ гузорише ба даст нарасидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.