расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ХАБАРИ ТАЪҶИЛӢ! САДАМАИ ЯК МОШИНИ ГАЗ ВА ХАТАРИ ТАРКИШ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ - ХУҶАНД

Асосӣ / Ҳаводис

ХАБАРИ ТАЪҶИЛӢ! САДАМАИ ЯК МОШИНИ ГАЗ ВА ХАТАРИ ТАРКИШ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ - ХУҶАНД

ХАБАРИ ТАЪҶИЛӢ! САДАМАИ ЯК МОШИНИ ГАЗ ВА ХАТАРИ ТАРКИШ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ - ХУҶАНД
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS) рӯзи 15 ноябри соли 2023, соати 14:30 эълон кард, ки чанд лаҳза пеш дар километри 27-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд  - Чаноқ як мошини боркаши барои интиқоли газ пешбинишуда ба садама дучор гардидааст. 
Бо назардошти он ки хавфи таркидани автомобили мазкур вуҷуд дорад, дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ҳаракати нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ муваққатан манъ карда шуд. 
Гуфта мешавад, кормандони ин ширкат, ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд  - Чаноқро дар даст дорад, тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то хавфи ба амал омадани таркиш пешгирӣ гардад.
IRS гуфт, баробари бартараф шудани хавфи зикршуда, ҳатман иттилоъ хоҳем дод.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд  - Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва дигар минтақаҳои ин ҷумҳурӣ мепайвандад. Роҳи дигари алтернативӣ ба ин вилоят аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон буда, хеле тӯлонитар аст ва ҳамчунин дастикам ду маротиба убуру мурур аз марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистонро ба ҳамроҳ дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.