расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПИЛОТИ ДАР УКРАИНА КУШТАШУДА ХУШБАХТ ТУРСУНОВРО ДАР ТОҶИКИСТОН БА ХОК СУПУРДАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ПИЛОТИ ДАР УКРАИНА КУШТАШУДА ХУШБАХТ ТУРСУНОВРО ДАР ТОҶИКИСТОН БА ХОК СУПУРДАНД

ПИЛОТИ ДАР УКРАИНА КУШТАШУДА ХУШБАХТ ТУРСУНОВРО ДАР ТОҶИКИСТОН БА ХОК СУПУРДАНД
Субҳи 7 октябри соли 2023, соати 10:00 дар масҷиди Сурхи шаҳри Конибодом дар шимоли Тоҷикистон маросими намози ҷанозаи пилоти тоҷики артиши Русия Хушбахт Турсунов доир шуд. Баъди намози ҷаноза Хушбахт Турсуновро дар орогоҳи маҳаллаи Қазоқон ба хок супурданд. Хушбахт Турсунов моҳи август дар Украина кушта шуд.
Қабл аз маросим дафнаш, рӯзи 6 октябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия маросими видоъ бо Хушбахт Турсунов баргузор шуд. Дар он маросим ба писари 8-солаи пилоти кушташуда ордени “Мужество” (“Мардонагӣ”) супурда шуд. Хушбахт Турсуновро баъди маргаш бо ин орден қадрдонӣ карданд. Ҳарчанд бисёриҳо навиштанд, ки пилоти тоҷик сазовори унвони Қаҳрамони Русия буд.
Дар маросими видоъ дар Екатеринбург Фарзона, ҳамсари Хушбахт Турсунов гуфт: “Шавҳари ман як одам меҳрубони хоксор буд. Ҳеҷ гоҳ худро таҳриф намекард. Кори худро аз рӯи виҷдон анҷом медод, аҳли оилааш, бахусус писарашро хеле дӯст медошт. Худованд охираташро обод гардонад. Ман шахсан Максим Кузминовро намешиносам. Вале агар Максим ин корро карда бошад, ман умедворам, ки ӯро меёбанд ва мекушанд. Бигзор ӯ ҳам дар зиндагиаш азоб бикашад. Мисли азобе, ки мо барои ӯ шуда кашида истодаем”.
Дар Тоҷикистон аз хешовандони наздики Хушбахт яке хоҳараш боқӣ мондааст ва ҳам падари солхӯрдааш, ки маризи бистарист. Модари ӯ ду сол қабл вафот карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.