расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИКЕ, КИ ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ДАР РУСИЯ БО КОРДУ ГАНТЕЛ ЗАДА КУШТАНД ВА БО ПУЛҲОЯШ Ӯ БА ТОҶИКИСТОН ГУРЕХТАНД...

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИКЕ, КИ ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ДАР РУСИЯ БО КОРДУ ГАНТЕЛ ЗАДА КУШТАНД ВА БО ПУЛҲОЯШ Ӯ БА ТОҶИКИСТОН ГУРЕХТАНД...

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИКЕ, КИ ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ДАР РУСИЯ БО КОРДУ ГАНТЕЛ ЗАДА КУШТАНД ВА БО ПУЛҲОЯШ Ӯ БА ТОҶИКИСТОН ГУРЕХТАНД...
ВКД Тоҷикистон аз боздошти ду нафар, аз ҷумла як ноболиғ, бо иттиҳоми куштори як муҳоҷири тоҷик дар Русия ва ба яғмо бурдани пулу моли ӯ хабар дод.
Бино ба иттилои расмӣ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як ноболиғи 16-сола ва як марди 29-сола, сокинони ноҳияи Рашт ва шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуданд. Худи дастгиршудагон ва наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, “гумонбаршавандагон 29-уми августи соли 2023, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Митишии вилояти Маскави Федератсияи Русия қарор доштанашон, куштори марди 27-солаи сокини ноҳияи Дӯстиро таҳрезӣ карда, ӯро бо истифода аз “гантел” ва корд ба ҳалокат расонида, маблағҳояшро гирифта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намудаанд”.
Тафсилоти дигари қазия оварда нашудааст. Номи дастгиршудагон ва муҳоҷири тоҷике, ки қурбони онҳо шуд, нашр нашудааст. ВКД  танҳо гуфт, ки нисбат ба гумонбаршавандагон бар асоси қисми дуюми моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Бар асоси қисми дуюми моддаи 104 ба гумонбари калонсол ҳамчун ҷазо барои одамкушӣ аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Вале ба гумонбари ноболиғ ҳамагӣ то 10 соли зиндон таҳдид мекунад, чунки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҷазои ҳадди аксар барои ҷинояткорони ноболиғ то 10 солро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.