расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ 25-27 СЕНТЯБР

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ 25-27 СЕНТЯБР

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ 25-27 СЕНТЯБР
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи ҳалокати боз 6 нафар дар 5 садамаи рӯзҳои 25, 26 ва 27 сентябри соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод. 
Аз ҷумла субҳи 27-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 05:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел Зафира”, Абдуҳамидов Олимҷон Абдулғаниевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард Солиҳов Муродхӯҷа Мизробович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шаби 6-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 23:10, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-2110”, Ахмедов Фирдавс Қурбонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Нуробод ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, мошинашро ба чуқурии тахминан 65-70-метр ба дарёчаи Кундалаи шаҳри Роғун чаппа намудааст. Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофираш Ахмедов Сорбон Каримович, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамон ҷо, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.