расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР ФАРХОР

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР ФАРХОР

ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР ФАРХОР
Субҳи барвақти 19 июли соли 2023 бар асари як садама дар ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон ду нафар: як ҷавон ва як духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Фархор хабар доданд, ки мошини тамғаи “Опел Астра Ҷӣ” дар Гулшан ба сутуни барқ бархӯрдааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, ронандаи “Опел” ҷароҳат бардоштааст, вале зинда аст.
Канали Парвиз ТВ аз ҷои ҳодиса видеои кӯтоҳеро нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки бар асари ба сутун бархӯрдани мошини рангаш нуқрагун мошин пачақ ва сутун ду пора шудааст. Дар видео ҳамчунин дида мешавад, ки ҷасадҳои як ҷавону як духтар дар паҳлуи сутуни афтида ва мошини садамадида дар рӯи замин хобидаанд ва одамон аз мошинҳои раҳгузар пойин шуда, оқибатҳои ин садамаро бо телефонҳои худ ба навор мегиранд.
Аммо яке аз шоҳидон ба мошини раҳгузаре, ки дар дохилаш кӯдакон буданд, иҷозат намедиҳад, ки манъ кунад. “Рав аз ин ҷо, наист, метарсонӣ кӯдаконро”, - мегӯяд ӯ хитоб ба ронанда.
Дар посух ба суоли раҳгузаре яке аз шоҳидон мегӯяд, ки ронандаи мошин ҳаминҷост ва зинда аст.
Тафсилоти дигари садама ҳанӯз дастрас нест. Мақомот ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.