расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВКД расман сӯхтори мактаби №71-и Душанберо шарҳ дод

Асосӣ / Ҳаводис

ВКД расман сӯхтори мактаби №71-и Душанберо шарҳ дод

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе расман сӯхтори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро шарҳ дод

Ба гузориши дафтари матбуоти ин ниҳод, сӯхтор дар пай қурбонӣ надошт.
РВКД афзудааст, ки ҳодиса санаи 22-юми июн, тахминан соати 22:15 дақиқа сар зад.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади пурра хомӯш намудани алангаи оташ аз ҳисоби ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт 125-нафар, аз ҳисоби сохторҳои оташнишонӣ 150-нафар, 16-адад нақлиёти ташнишонӣ ва 18-адад нақлиёти обкашонӣ (водовоз) сафарбар карда шуданд.
"Дар натиҷа, сухтор дар масоҳати 1500 метри мураббаъ пурра хомӯш карда шуд", - афзудааст манбаъ.
Ин нищод мегӯяд, тибқи санҷишҳои пешакӣ сухтор дар натиҷаи оташ гирифтани дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер), ки дар ошёнаи дуюми муассисаи мазкур, дар толори маҷлисгоҳ насб карда шудааст, ба миён омадааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, сабабу омилҳо ва зарари он пурра муайян карда хоҳад шуд.

sputnik.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.