расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Путин унвонии се сокини Душанбе мактуби шодбошӣ фиристод

Асосӣ / Ҷаҳон

Путин унвонии се сокини Душанбе мактуби шодбошӣ фиристод

Ин се нафар шаҳрвандони Русия буда, дар шаҳри Душанбе ба сар мебаранд. Онҳо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба се корманди фронти ватании муқими Душанбе, шаҳрвандони Федератсияи Русия мактуб ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.
Дар остонаи Рӯзи Ғалаба кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон табрикоти шахсии раисиҷумҳури Русияро ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳрвандони Русияи муқими Душанбе – Раиса Мусинова, Назиба Гибадулина ва Роза Габдулина расонданд.
Намояндагии дипломатӣ афзуд, кормандони сафорат ҳамчунин ба аёдати собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Дмитрий Откин дар Душанбе рафта, ӯро бо Рӯзи Ғалабаи дарпешистода табрик гуфтаанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон 37 нафар собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба сар мебаранд. Тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони кишвар, дар соли 2020 дар Тоҷикистон 168 собиқадор, соли 2021 - 98 нафар, соли 2022 ин шумора ба 59 нафар коҳиш ёфтааст.
Куҳансолтарин иштирокчии ҷанг аз Тоҷикистон Рашид Каримов мебошад, ки имсол ба синни 111 солагӣ хоҳад расид. Ӯ мутаваллиди 9 майи соли 1912 мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳудуди 300 ҳазор сокини Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҷангиданд, ки 92 ҳазор нафари онҳо кушта ё бедарак шудаанд. Зимнан, 65 нафар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гирифта, 15 нафар бо орденхои Шуҳрат дараҷаи се ва ҳамчунин 55 тани дигар бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.