расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷалби сарбозони пешини нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон барои ҷанг дар Украина. Ҳақиқат ё дурӯғ?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Ҷалби сарбозони пешини нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон барои ҷанг дар Украина. Ҳақиқат ё дурӯғ?


Расонаҳои ҷаҳон менависанд, ки сарбозони пешини нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон, ки дар пайи ғасби қудрат аз сӯйи Толибон* пароканда шуда буданд, барои ҷанг дар Украина аз ҷониби Русия даъват шудаанд.
Аз ҷумла, маҷаллаи “Foreign Policy” дар як гузориши худ, бо такя ба чанд манобеи сарбозони собиқи Афғонистон навиштааст, сарбозону фармондеҳони собиқи нерӯҳои бонуфузи Артиши миллии Афғонистон, ки аз ҷониби мутахассисони амрикоиву бритониёӣ омӯзиш дида буданд, барои ҷанг дар Украина аз ҷониби Русия таклифҳо гирифтаанд.
Сухангӯи вазорати мудофиаи Амрико низ ба “Fox News” гуфтааст, "нишондиҳандаҳои иктишофӣ нишон медиҳанд, ки гуруҳи сарбозон ва гурезаҳои афғон, аз ҷумла онҳоеро, ки аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ таълим гирифтаанд, барои ҷанг дар Украина аз ҷониби Русия ҷалб мекунанд”.
Як генерали артиши миллии ҳукумати пешини Афғонистон низ ба “BBC” гуфтааст, фармондеҳони собиқи артиши Афғонистон бо "пешниҳодҳои молӣ"-и ҷолиб барои ҷанг дар Украина ва дигар минтақаҳои ҷангӣ ҷалб мешаванд.
Генерал Фарид Аҳмадӣ, масъули амалиётҳои вижа дар артиши пешини Афғонистон ба Халил Нурӣ, хабарнигори “BBC” гуфтааст, миёнаравҳо ба собиқ сарбозоне, ки мехоҳанд дар сафи Русия дар Украина ҷанг кунанд, пешниҳодҳои ҷолиби молӣ, раводидӣ ва иқоматӣ ироа кардаанд.Ба гуфтаи ӯ, кӯчонидани хонаводаҳои онҳо дар ҷойҳои амн бахше аз ин пешниҳод аст ва шумори зиёде аз нерӯҳои артиши пешини Афғонистон, ки ҳоло дар ин кишвар боқӣ монда, дар зиндонҳои Толибон ва ё хонаҳои худ дар ҳабс ва ё “таҳти шиканҷа” қарор доранд, мавриди таваҷҷуҳи гуруҳҳое қарор доранд, ки ба ҷалби сарбозон ба ҷанг машғуланд.
Фарид Аҳмадӣ афзудааст, ки “теъдоде аз ин нерӯҳо низ ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд, ки дар онҷо бекоранд ва барои рӯзгузаронӣ ба доми созмонҳои хориҷӣ меафтанд”.
“Мутаассифона, ин хабарҳо дурустанд ва фармондеҳони собиқи артиши Афғонистон дар ҷаҳон ҳузур доранд - ҳадди аққал дар 6 минтақае, ки даргириҳои мусаллаҳона идома доранд ва дар баъзе ҷойҳо дар ҳарду ҷониб [ҷабҳа] ҳузур доранд”, - гуфтааст ин генерали собиқи артиши Афғонистон.Ба навиштаи  “Fox News” теъдоди сарбозони артиши собиқи Афғонистон аз 20 то 30 ҳазор нафарро ташкиш медиҳад, ки дар дохили кишвар боқӣ мондаанд ва бо ҳар роҳе хостори тарки кишваранд. Ҳамин ангезаи тарки кишвар муҳимтарин омили таваҷҷуҳ ба онҳо аз ҷониби мақомоти вижаи кишварҳои ҷанганда гуфта мешавад.
Қаблан, хабарҳо дар хусуси иштироки сарбозони артиши собиқи Афғонистон дар сафи нерӯҳои Украина низ расонаӣ гардида буданд, аммо дар ҳар ду ҳолат, мақомоти расмии ҳам Украина ва ҳам Русия ин хабарро расман тасдиқ ё такзиб накарданд.
Дар ҳамин ҳол, коршиноси рус дар масоили Афғонистон Андрей Серенко ба ин назар аст, ки рӯ задани ин гуна хабарҳо пеш аз ҳама ба манфиати кишварҳои ғарбӣ ва Толибон аст ва он метавонад ба хотири тира нишон додани фаъолияти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмад Масъуд ва давлати Эрон бошад.Ин коршинос дар телеграм канали худ навишт, ки дар Эрон воқеан як марказе ташкил шудааст, ки ба баҳамоии сарбозони артиши собиқи Афғонистон машғул аст, аммо он на барои фиристодан ба ҷанг дар Украина, балки муқовимат бо Толибон таъсис ёфтааст.
Ба навиштаи ин коршинос, ҷалби сарбозони артиши собиқи Афғонистон ба ҷанг дар Украина аз бисёр ҷиҳат ғайривоқеӣ ба назар мерасад. Пеш аз ҳама, ин сарбозон забони русиро балад нестанд ва кор бо онҳо, махсусан дар шароити ҷангӣ хеле душвор аст.
Бар замми ин, ин сарбозон дар иқлиму ҷуғрофиёи мутафовит аз Украина тамрин дидаанд ва ҳамчунин, бо неруҳои Толибон, ки яроқи сабуктар доштанд, ҷанг кардаанд. Бо ин шеваи ҷанг, ки ҳоло дар Украина идома дорад, онҳо ҷангида наметавонанд.
Нуктаи дигаре, ки зикр мегардад, ин адами эътимод ба сарбозони артиши собиқи Афғонистон аст. Онҳо аввалан аз ҷониби нерӯҳои ғарбӣ тамрин дидаанд ва баъдан нотавонии худро дар муқобила алайҳи Толибон ба намоиш гузоштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.