расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шарҳи Теҳрон дар бораи моҷарои марзии Эрону Афғонистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Шарҳи Теҳрон дар бораи моҷарои марзии Эрону Афғонистон

Ҳасан Козимии Қумӣ намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Эрон дар умури Афғонистон дар бораи таниши марзии ахиран гуфт, толибон иқдом ба ҷодасозии бидуни ҳамоҳангии қабли дар маҳдудаи марзии Дуғорӯн ва нақзи марз кард, ки марзбонии Эрон монеъ шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

“Дар тамосе. ки бо Вазорати кишвар ва дифоъи Толибон сурат гирифт таъкид шуд, ки мавзӯъ дар чорчӯби камисиюни олии марзӣ ва берӯзрасонии асноди дукишвар ҳаллу фасл шавад”, афзуд Козимии Қумӣ.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ ин таниш пас аз он сурат гирисфт, ки нерӯҳои марзии Толибон қасди эҳдоси ҷодда дар минтақаи марзии дукишварро доштанд.

Гуфта мешавад, ки толибн бо мухолифати нерӯҳои марзбони Эрон рӯбарӯ шуданд.

Ин иқдоми Эрон бо муқовимати нерӯҳои Толибон мувоҷҷеҳ шуд ва пас аз баҳсу мунозираи дутараф ба ҳолати омода бош даромаданд.

Ҳамзамон расонаҳо хабар доданд, ки феълан марзӣ Исломқаъла то иттилои сонавӣ баста шуда ва нерӯҳои амниятии толибон ба самти марз дар ҳарак ҳастанд.

Мақомоти толибон то кунӯн дар бораи ин ҳодиса вокунише накардаанд.

Пас аз ин таниш миёни марзбонони ду кишвар ҳоло марзӣ Исломқаъла наздик ба минтақаи Ҳироти Афғонистон бастта шудааст.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.