расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар таркишҳои Мазори Шариф ва чанд шаҳри дигари Афғонистон беш аз 33 нафар кушта шуданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Дар таркишҳои Мазори Шариф ва чанд шаҳри дигари Афғонистон беш аз 33 нафар кушта шуданд


Рӯзи панҷшанбеи 21-уми апрел яке аз ноамтарин рӯзҳо барои Афғонистон пас аз ба сари қудрат омадани Толибон буд. Шаҳрҳои Мазори Шариф, Кундуз, Ҷалолобод ва Кобул шоҳиди чандин таркиш буданд.
Дар миёни ин таркишҳо, ҳодисаи Мазори Шариф маргбортарин буд. Ин таркиш дар нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе дар назди масҷиди шиаиён рух дод. Шоҳидони айнӣ ба хабарнигорони маҳаллӣ аз кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар дар ин ҳодиса хабар доданд. Оморҳои ироашуда дар бораи шумораи қурбониёни ин таркиш, аз якдигар фарқ мекунад.
Забеҳуллоҳ Нуронӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар Балх ба хабарнгузории "Франс-пресс" гуфтааст, ки дар натиҷаи ин таркиш 25 кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо "Ассошиэйтед пресс" ба нақл аз Ғавсиддин Анварӣ, сардухтури Бемористони Абуалӣ Сино дар Балх гузориш дод, ки дар ин ҳодиса 10 нафар кушта ва 40 нафар захмӣ шудаанд.
Наҷибулло Тавоно, раиси Идораи тандурустии Балх ба хабарнигорон дар маҳал гуфтааст, ки дар ин ҳодиса 12 тан кушта ва 35 тани дигар захмӣ шуданд. Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон танҳо рух додани ин ҳодисаро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёти бештаре ироа накард.
Хабаргузории "Рейтерз" гуфтаааст, ки гурӯҳи ДОИШ бо нашри як эъломия дар "Телеграм", масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаиён дар Мазори Шарифро ба ӯҳда гирифтааст.
Дар як таркиши дигар дар мошини нерӯҳои Толибон дар вилояти Кундуз, ҳади ақал чаҳор тан кушта ва 19 нафари дигар захмӣ шуданд. Убайдуллоҳ Обидӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Кундуз ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, "ин таркиш дар мошини кормандони бахши техникии артиш рух додааст, ки боиси захмӣ шудани ҳади ақал 19 тан, аз ҷумла се донишомӯз шуд ва чаҳор нафари дигар шаҳид дорем".
Дар як таркиши дигар дар шаҳри Кобул -- пойтахти Афғонистон, ду кӯдак захмӣ шуданд. Холид Задрон, сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Кобул ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки субҳи панҷшанбе як минаи ҷойсозишуда дар як гулдон дар яке аз минтақаҳои ин шаҳр таркид ва бар асари он ду кӯдак захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо аз шарқи Афғонистон бар асари таркиш дар як худрави Толибон дар минтақаи Хугиёни вилояти Нангарҳор, чаҳор нафар аз аъзои ин гурӯҳ кушта ва як тан захмӣ шудаанд. Аммо омори кушташудаҳо ба таври расмӣ таъйид нашудааст.
Ҳеҷ гурӯҳе ҳанӯз масъулияти таркишҳо дар Кобул, Кундуз ва Нангарҳорро ба ӯҳда нагирифтааст.
Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон мардуми зиёде дар Афғонистон хушбин буданд, ки сулҳу оромӣ ба ин кишвар баргаштааст, аммо акнун онҳо аз таркишҳои ахир ваҳшатзада шудаанд.
Дар рӯзҳои ахир танҳо дар шаҳри Кобул панҷ таркиш рух дод, ки дар онҳо 6 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.