расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дуздӣ дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи Ромит: ВКД ду нафарро боздошт кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа

Дуздӣ дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи Ромит: ВКД ду нафарро боздошт кард

Дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи "Лола" дуздӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ин истироҳатгоҳ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромит, деҳаи Поёноб воқеъ буда, дуздон аз он ҷо як дастгоҳи обкашӣ ва маҳсулоти сохтмониро дуздидаанд.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи ғоратгарӣ авоили моҳи март сурат гирифтааст ва феълан кормандони милиса муттаҳамони ин ҳодисаро муайян ва дастгир намудаанд.

"Кормандони милиса марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин як ноболиғи 17-соларо, ки низ сокини ҳамин шаҳр мебошад, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҳодиса дастгир намуданд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Феълан тафтишоти ин ҳодиса идома дорад. То нашр шудани хабари мазкур назари муттаҳамон дар ҳодисаи дуздии истироҳатгоҳ ироа нашуда буд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.