расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » 12 ҳазор долларо гирифтанду ба донишгоҳ дохил накарданд.Қазияи зану марди 31-сола

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

12 ҳазор долларо гирифтанду ба донишгоҳ дохил накарданд.Қазияи зану марди 31-сола


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки як марду зани сокини Душанбе барои ба донишгоҳ дохил кардани довталабон аз чанд шаҳрванд пул гирифтаву онҳоро фиреб додаанд. 
Ҳарчанд ВКД аз ин марду зани сокини Душанбе ном набурдааст, аммо гуфтааст, ки онҳо 31-сола буда дар чанд ҳолат аз шаҳрвандон 12 ҳазору 100 доллари амрикоӣ гирифтаву онҳоро фиреб додаанд.
Ин ниҳод нагуфтааст, ки ин зану мард пулҳоро барои ба кадом донишгоҳ ва кадом тахассус дохил кардани шаҳрвандон гирифтаанд. ВКД дар хабарномааш наовардааст, ки оё ин зану мардро боздошт кардааст ё не, танҳо таъкид шудааст, ки "вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад".
Дафтари матбуоти ВКД аз ҷумла мегӯяд, ки зани 33-солаи сокини ноҳияи Файзобод ба ин ниҳод муроҷиат намудааст, ки "моҳи июни соли 2021, дар назди бинои маркази савдои «Саодат»-и пойтахт, зану марди 31-солаи сокинони пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки духтарашро ба донишгоҳ дохил мекунанд, аммо номбурдагон маблағи пулиро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд".
Ҳамчунин ба навиштаи ин ниҳод ин зану мард моҳи июни соли 2021 аз як ҷавони 20-солаи сокини пойтахт 6 ҳазору 500 доллар ва аз марди 51-солаи сокини дигари пойтахт 3 ҳазор доллари амрикоӣ  барои ба донишгоҳ дохил кардани авваливу духтари дувумӣ гирифта, аммо онҳоро фиреб додаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.