расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ШАБ САРПАНОҲ ПУРСИДУ ПАГОҲ КӮДАКИ СОҲИБИ ХОНАРО ДУЗДИД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ШАБ САРПАНОҲ ПУРСИДУ ПАГОҲ КӮДАКИ СОҲИБИ ХОНАРО ДУЗДИД (ВИДЕО)

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон як ҳодисаи кӯдакдуздиро ошкор ва нафари гумонбар дар дуздии як кӯдаки дуюнимсоларо дастгир кардаанд.
Сокини ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён  Файзигул Рустамова ба шуъбаи милитсияи ин ноҳия муроҷиат карда, хабар додааст, ки як зан аз Турсунзода, ки худро Муслима муаррифӣ кардааст, писари дуюнимсолаи ӯ Шоҳин Рустамзодаро дуздидааст.
Ба мақомоти милитсия муяссар шудааст, ки дар як муддати кӯтоҳ сирри ин ҷиноятро кушода, кӯдакраборо дастгир кунанд ва кӯдакро сиҳату саломат ба модараш баргардонанд. Бино ба гузориши Офоқи Қодириён, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, ки дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, “муайян карда шуд, ки Муслимаи Пӯлод, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Турсунзода, ки қаблан бо моддаи 244 КҶ ҶТ (дуздӣ) суд шудааст,  рӯзи 5 декабр ба хонаи  Файзигул Рустамова омада,  хоҳиш мекунад, ки сарпаноҳ надорад ва ӯро барои шабашро рӯз кардан дар хонааш роҳ диҳад.  Рустамова ба ҳарфҳои Муслима бовар карда, ӯро барои шабгузаронӣ дар хонааш роҳ додааст. Рӯзи дигар Муслимаи Пӯлод аз набудани соҳибхона истифода бурда, тифли хурдсоли ӯро рабуда, ба хонааш ба шаҳри Турсунзода бурдааст.”
Худи Муслимаи Пӯлод дар ин гузориш рабудани кӯдакро ба гардан мегирад: “Рӯзи 7 декабр, тақрибан соатҳои 15:30, аз набудани модараш, ки ба ҷамоат рафта буд, истифода бурда, кӯдаки дигарашро дар хона қуфл карда, хурдиашро гирифта рафтам.”
Дар бораи сабабҳои даст ба чунин амал задани ин зан ва он ҳам нисбат ба кӯдаки одаме, ки дилаш сӯхта, ӯро дар хонааш роҳ дода буд, дар гузориш чизе гуфта намешавад.
Додситонии ноҳияи Кӯшониён ба зидди Муслимаи Пӯлод  бар асоси моддаи 130 КҶ ҶТ бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст ва тафтиши ин қазия идома дорад. Ба  ӯ барои ин кирдор аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ин авохир ин алакай дуюмин ҳодисаи кӯдакдуздӣ дар Тоҷикистон аст.
Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 1 декабр як зани 29-соларо бо иттиҳоми дуздидани кӯдаки ширмак аз Дармонгоҳи тиббии шаҳрии № 13 (собиқ Поликлиникаи №1) шаҳри Душанбе дастгир карданд. Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи “Бомдод”, Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, санаи таваллудаш 03.07.1992, зодаи деҳаи Кампирқалъаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар Ҳисор шавҳар карда буд, ба сабаби дер боз кӯдакдор нашуданаш ба хотири аз таънаи атрофиён раҳидан даст ба ин кор задааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Нигора Ахмедова чанд моҳ боз худро ҳомила вонамуд мекардааст ва барои ин гӯё ба шикамаш болишт мечаспондааст, ки ба ҳомила буданаш бовар кунанд.
Рӯзи 30 ноябр ӯ гӯё бояд “таваллуд” мекард ва тибқи нақшаи дар сар кашидааш, ба Дармонгоҳи тиббии шаҳрии № 13 (собиқ Поликлиникаи №1) шаҳри Душанбе рафта, тақрибан соати 15 дар қабати дуюми шифохона аз як зане, ки кӯдаки думоҳаашро барои ваксиназанӣ оварда буд, хоҳиш мекунад, ки барояш аз дорухонаи қабати якуми бино дастпӯшак харида биорад. “Духтур бе дастпӯшак қабул намекунад, вале ман таваллудкуниам қариб омадааст, болою пойин баромадаву фаромада наметавонам. Ман кӯдакатро нигоҳ мекунам, хоҳиш мекунам, барои ман аз дорухона дастпӯшак харида биор”, хоҳиш кардааст Нигора аз он зан. Он модари ҷавон бовар карда, кӯдакашро ба дасти Нигора дода, худаш барои харидани дастпӯшак пойин фаромадааст, вале вақте баргаштааст, дидааст, ки на кӯдакаш онҷосту на он зани гӯё “ҳомила”.
Нигора Ахмедоваро, бино ба иттилои дарёфтӣ, бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ ва бо кумаки ронандаи таксие, ки ӯро ба ин шифохона оварду боз аз ин ҷо бурд, пайдо кардаанд. Ронандаи такси гуфтааст, ки ӯ ҳам он рӯз ба ҳайрат афтод, чунки як зани ҳомилаи шикамаш дамро ба шифохона овард, вале баъди чанде аз онҷо ин зан бидуни ягон аломати ҳомилагӣ, вале як кӯдак дар даст берун омад ва боз ба таксии ӯ нишаст.
Нигора Ахмедова он кӯдакро худам нав таваллуд кардам гуфта, ба хонааш ба Ҳисор бурдааст ва ба шавҳараш, ки дар Русия дар мардикорӣ қарор дорад, низ занг зада, хушхабар расондааст, ки “бубин, чӣ кӯдаки зебое бароят ба дунё овардам!”
Мардум аз асли воқеа танҳо вақте хабардор шуд, ки кормандони милиса субҳи 1 декабр омада, ба дастони Нигора Ахмедова завлона зада, ӯро бурданд ва кӯдакро ба модараш супурданд.
Ба зидди Ахмедова Нигора низ бар асоси моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.