расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР ДУШАНБЕ ЯК РОНАНДАИ МАСТ 4 УЗВИ ЯК ОИЛАРО ПАХШ КАРД, ПАДАР ҶОН ДОД

Ҷомеа / Ҳаводис

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР ДУШАНБЕ ЯК РОНАНДАИ МАСТ 4 УЗВИ ЯК ОИЛАРО ПАХШ КАРД, ПАДАР ҶОН ДОД

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки шоми 7 декабр ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Бенс-200”, рақами давлатиаш 14 14 НН07 Ғаффоров Нуралӣ Ҳусайнович, санаи таваллудаш 16.07.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Роҳи нав, ки дар ҳолати сархушии баланд қарор дошт, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсӣ, аз самти кӯчаи Қосимов ба самти кӯчаи Борбад бо сабаби баланд будани суръати мошин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, нахуст бо қисмати қафои мошин ба деворчаи бетонии байни роҳ бархӯрда, сипас 4  пиёдагардро пахш кардааст.
“Дар натиҷаи садама ҳамаи 4 пиёдагард, ки сокинони пойтахт ва аъзои як оила (марди 39-сола  бо ҳамсари 33-солааш ва 2 нафар фарзандони хурдсоли 8 ва 3-сола) будаанд, ҷароҳатҳои гуногун дар намуди шикастани устухони қисмҳои гуногуни бадан гирифта, дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Аммо, мутаассифона, санаи 8 декабр бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш яке аз онҳо падари хонадон – Абдухолиқов Ҷамшед Файзалиевич дар беморхона ба ҳалокат расид”,– хабар дод милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Ронанда Ғаффоров Нуралӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, нисбат ба ӯ тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ронанда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтиши садама идома дорад.
Матлабҳои марбут
Ба ронанда барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандаи дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ки боиси марги инсон шудааст, ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Милитсияи Душанбе мегӯяд, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагии мақомоти милитсия ба ин, ки дар ҳолати сархушӣ рондани мошин ба оқибатҳои фоҷиаовар оварда мерасонад, баъзе ронандагон сарфи назар намуда, сабабгори фоҷиаҳои талхи зиндагӣ – садамаҳои марговари роҳу нақлиётӣ мешаванд.
Бино ба омори расмӣ, дар 11 моҳи соли равон дар Душанбе 4 садама бо айби ронандагони дар ҳолати мастӣ қарордошта рух додааст, ки дар натиҷа 7 нафар ҳалок гардида, 8 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар умум имсол 358 далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳудуди пойтахт ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.
Моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин, ҳатто агар ин амал боиси садама ҳам нашуда бошад, ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (18 ҳазор сомонӣ) ва маҳрум кардани аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати то 5 солро пешбинӣ кардааст.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.