расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МУАЛЛИМИ БЕЧОРАРО БА ЛИБОСФУРӮШӢ МАҶБУР КАРДА, БОЗ ҚАРЗДОР БАРОВАРДАНД…

Ҷомеа / Ҳаводис

МУАЛЛИМИ БЕЧОРАРО БА ЛИБОСФУРӮШӢ МАҶБУР КАРДА, БОЗ ҚАРЗДОР БАРОВАРДАНД…

Абдулаҳад Наврӯзов, як муаллими собиқадор аз деҳаи Косатарош дар канори шаҳри Панҷакент ба номи раҳбарони аввали кишвар расид, ки чӣ гуна нотавон будани як нафари бепуштипаноҳ ё ба истилоҳи роиҷи имрӯз “бетаға”  дар муқобили беадолатии низоми додгоҳиро ба намоиш мегузорад.
Қарори маълум, дар Тоҷикистон мактабҳои миёнаро чандин сол боз ба бозори фурӯши либосу дигар колоҳои бозорашон касодшуда табдил додаанд ва чанд “корчаллон”-и соҳа масъулияти фурӯши ин ҳама латтапораҳоеро, ки дар бозор касе бо як пули пучак намехарад, бо як нархи ҳангуфт ҳамчун “маҳсулоти ватанӣ” ба гардани муаллимон бор мекунанд ва муаллимон ба навбати худ маҷбур мешаванд, ки пеши волидайни шогирдони худ гардан каҷ кунанд, то ин латтаҳоро ба фурӯш зада, худро аз ин азоби савдогарии зӯракӣ халос кунанд.
Абдулаҳад Наврӯзов ҳам соли 2015, вақте мудири мактаби №90 дар деҳаи Косатарош буд, қурбони ҳамин “корчаллон”-ҳои соҳаи маориф шудааст. Ӯ ҳодисаро чунин нақл мекунад:
“Соли 2015 моҳи август собиқ мудири шуъбаи маориф Каримов Маъруф, ки бо ҷиноят аз кор ронда шуд, маро, ки дар вазифаи директори муассисаи рақами 90-и деҳаи Косатарош кор мекардам, маҷбур намуд, ки аз Юлдошева Холида Эркинҷоновна либосҳои мактабӣ гираму ба хонандагон фурӯхта, маблағашро ба ӯ супорам. Дар кул мо 12 545 сомонӣ маблағро ба Холида супоридем, вале 135 адад либоси писарона ва 39 адад либосҳои духтаронаро касе нахарид. Инчунин 20 адад шими писарона ва 19 дона юбкаро низ баргардонидем.
Ин айёр намедонам бо Маъруф Каримов чӣ пайвандӣ дошта бошад, ҳатто соҳибкор набудааст. Ӯ молҳоро аз бозори «Корвон» меовардаасту моро чун соҳибкор фиреб медодааст. То имрӯз коргоҳи дӯзандагии ӯро дарёфта наметавонем...”
Наврӯзов мегӯяд, онҳо 30 октябри соли 2015 либосҳои нофурӯхтаро ба Холида Юлдошева баргардониданд, вале “танҳо хатои мо дар ин ҷост, ки забонхати ӯро нагирифтем, чунки кӯҳистониён аз меҳмон пурсидани чизеро раво намебинанд.”
 Аммо  Юлдошева ба зидди онҳо ба додгоҳ шикоят бурдааст ва инак чанд сол боз ин муаллими бечора азоби чанд рӯзи либосфурӯшии зӯракиро мекашад. Наврӯзов менависад, аз давутози зиёд дар ин чанд сол бемори асаб шуд ва пуле надорад, ки пули таҳсили фарзандаш дар Донишгоҳи Данғараро пардохт кунад. Вале ба болои ин додрас Зоирзода М.Я. бар асоси даъвои Холида Юлдошева муаллимро 6330 сомонӣ қарздор баровардаанд. Ӯ бояд ҳамчунин 443 сомонию 59 дирам ба фонди инкишофи истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷро бисупорад. Ва алакай моҳи октябр аз маоши ночизи муаллимии Наврӯзов 867 сомонӣ ба фоидаи Холида Юлдошева боздошта шуд.
Албатта, барои касе ин 6773 сомонию 59 дирам барои касе пули калон набошад, вале барои муаллиме, ки бе ин ҳам маоши ночиз мегирад, маблағи бузурге аст.
Абдулаҳад Наврӯзов ба ин далел аз раҳбарони аввали Тоҷикистон кумак хостааст:
а) Маъруф Каримов дар кадом асос ин занро чун балои осмонӣ ба сари мо фиристод? Корхонаи либосдӯзии ӯ дар куҷост? Оё ӯ ба давлат андоз месупорад? Ман бояд донам, ки ин гуна корхона вуҷуд дорад;
б) Бар зидди Судя Зоирзода М.Я., парванда барои ноадолатиаш боз гардад ва ӯ ба ман фаҳмонад, ки чаро маро бо маводи парванда шинос накард ва чаро шоҳидони маро ба ҳисоб нагирифт;
 в) Юлдошева Холида Эркинҷоновна барои туҳмат бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад;
г) Бо кадом асос маоши ман боздошта шуд;
д) Ҷуброни маънавии ман барои барқарор намудани саломатиам аз ҳисоби Маъруф Каримов, Зоирзода М.Я. ва Юлдошева Холида пардохта шавад.
Матни пурраи аризаи Наврӯзов Абдулаҳадро низ инҷо мегузорем:
Ба диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба диққати Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Ба диққати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон
Ба диққати раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён
аз тарафи сокини деҳаи Косатароши ҷ/д. Косатарош, шаҳри Панҷакент Наврӯзов Абдулаҳад Нурмуҳаммадович
Ариза
Баробари пешниҳоди аризаи хеш ба Шумо маълум менамоям, ки 35-сол боз чун омӯзгор, ҷонишини директор ва директор шуда, дар макотиби гуногуни шаҳри Панҷакент ба давлат хизмат менамоям. Соли 2015 моҳи август собиқ мудири шуъбаи маориф Каримов Маъруф, ки бо ҷиноят аз кор ронда шуд, маро, ки дар вазифаи директори муассисаи рақами 90-и деҳаи Косатарош кор мекардам, маҷбур намуд, ки аз Юлдошева Холида Эркинҷоновна либосҳои мактабӣ гираму ба хонандагон фурӯхта, маблағашро ба ӯ супорам. Дар кул мо 12 545 сомонӣ маблағро ба Холида супоридем, вале 135 адад либоси писарона ва 39 адад либосҳои духтаронаро касе нахарид. Инчунин 20 адад шими писарона ва 19 дона юбкаро низ баргардонидем.
Ин айёр намедонам бо Маъруф Каримов чӣ пайвандӣ дошта бошад, ҳатто соҳибкор набудааст. Ӯ молҳоро аз бозори «Корвон» меовардаасту моро чун соҳибкор фиреб медодааст. То имрӯз коргоҳи дӯзандагии ӯро дарёфта наметавонем. Вале ӯ даъвои соҳибкорӣ мекунад.
Мо 30-юми октябри соли 2015 ҳамаи либосҳои боқимондаи ӯро баргардонидем. Танҳо хатои мо дар ин ҷост, ки забонхати ӯро нагирифтем, чунки кӯҳистониён аз меҳмон пурсидани чизеро раво намебинанд. Аммо ин зан баъди гирифтани либосҳояш моҳи апрели соли 2016 аз болои мо шикоятро оғоз намуд ва муддати панҷ сол боз мо шабу рӯз дар фикри аз ин мараз халос шудан ҳастем.
Мо аз судяи суди шаҳри Панҷакент Зойирзода М.Я., ки имрӯз дар нафақа ҳаст, хеле норозием. Ӯ маро бо парванда шинос накард ва садҳо шоҳиди моро ба инобат нагирифт ва танҳо шаҳодати падару модари Холидаро, ки шоҳиди дурӯғини ӯянд, қабул карду халос.
Дар муддати панҷ сол ман дар даву тоз ба бемории сахти асаб гирифтор шудам ва қариб роҳ рафта наметавонам. Писарам дар Донишгоҳи Данғара таҳсил мекунад. Мани омӯзгор на пули шартномаашро дода метавонаму на ба ӯ кӯмак карда.
Бар замми ин судяи нохалаф Зоирзода М.Я., мудири маориф Маъруф Каримов ва соҳибкори фиребгар Юлдошева Холида маро бо сабаби раҳмдилиям 6330 сомонӣ қарздор баровардаанд. Акнун мани бемори нотавон бояд 6330 сомонӣ бо туҳмат ва шаттоҳиҳо ва шиносу тағодориаш ба Холида ва 443 сомонию 59 дирам ба фонди инкишофи истеҳсолоти иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорам.
Дар ин байн ду маротиба ҷинояткорон бахшида шуданд, вале мани бегуноҳ бояд ин маблағро ба пуррагӣ супорам.
Аллакай моҳи октябр аз маоши кории ман, ки худ кам аст, 867 сомонӣ ба фоидаи Холида боздошта шуд.
Аз Шумо хоҳиш мекунам,  муайян намоед ки
а) Маъруф Каримов дар кадом асос ин занро чун балои осмонӣ ба сари мо фиристод? Корхонаи либосдӯзии ӯ дар куҷост? Оё ӯ ба давлат андоз месупорад? Ман бояд донам, ки ин гуна корхона вуҷуд дорад;
б) Бар зидди Судя Зоирзода М.Я., парванда барои ноадолатиаш боз гардад ва ӯ ба ман фаҳмонад, ки чаро маро бо маводи парванда шинос накард ва чаро шоҳидони маро ба ҳисоб нагирифт;
 в) Юлдошева Холида Эркинҷоновна барои туҳмат бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад;
г) Бо кадом асос маоши ман боздошта шуд;
д) Ҷуброни маънавии ман барои барқарор намудани саломатиам аз ҳисоби Маъруф Каримов, Зоирзода М.Я. ва Юлдошева Холида пардохта шавад.
 Хоҳиш мекунам, ки ба ин аризаи як омӯзгори бемор ва фидокор чораандешӣ намоед.
Бо эҳтиром, Наврӯзов Абдулаҳад Нурмуҳаммадович

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.