расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ


Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 3-юми июли соли 2021, соати 18:30 вазъият дар деҳаи Овези вулусволии Хоҳон, вулусволии Шаҳрибузург ва деҳаи Зиракии вулусволии Роғистони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мураккаб гардида, минтақаҳои номбурда аз тарафи ҳаракати «Толибон» тасарруф шуданд. Дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона ҳаракати «Толибон» комендатураи сарҳадии «Овез"-и вулусволии Хоҳонро низ ишғол намуданд.

Бештар аз 300 нафар низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муқовимати мусалаҳона тоб наоварда, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи муҳофизатии байни дидбонгоҳҳои 5-уми «Истиқлол» ва 6-уми «Сариғор"-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» сарҳади давлатиро убур карда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд.                                                                                                          
 Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.

Вазъият дар марз байни Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Сарчашма: ​khovar.tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.