расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Собиқ мудири Babilon ва 43-сола: даргузашти писари Саидалӣ Маъмур баъди 6 рӯзи марги модар

Ҷомеа / Ҳаводис

Собиқ мудири Babilon ва 43-сола: даргузашти писари Саидалӣ Маъмур баъди 6 рӯзи марги модар

Ягона писари шоири мардумии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, ҳамагӣ 43 сол дошт ва 6 рӯз пеш модарашро аз даст дода буд

"Фарзон, собиқ директори ширкати “Babilon Mobile” ва писари ягонаи Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур дар синни 43-солагӣ аз олам даргузашт. Дар мавриди фавти марҳум хабари расмӣ нест, аммо яке аз наздикони шоир дар суҳбат ба pressa.tj омили марги ӯро сироят аз COVID-19 арзёбӣ кард", - менависад манбаъ.
Ёдрас мешавем, 6 рӯз пеш, 26 июн ҳамсари шоир ва модари Фарзон, ки дар яке аз беморхонаҳои сироятии Душанбе бистарӣ буд, даргузашт.
Ин дувумин талафоти бузург тайи як ҳафта дар хонаводаи Саидалӣ Маъмур аст.
Сабаби марги марҳумро низ сироятёбӣ аз короновирус гуфта буданд.
Бино бар иттилои манбаъ, худи Саидалӣ Маъмур ҳам бо гумони сироят ёфтан аз короновирус бистарӣ аст. Табибон вазъи шоирро муътадил арзёбӣ мекунанд.
“Табибон телефонӣ хоҳиш карданд, ки хабари марги фарзандашро ба шоир нагӯем, зеро ҳолаташ бад шуданаш мумкин. Вазъи худи Саидалӣ Маъмур муътадил буда, табобаташ идома дорад”-гуфтааст яке аз наздикони шоир.
Саидалӣ Маъмур 76 сол дошта, яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ аст.
Шоир аз зиндагии якҷоя бо ҳамсари марҳумаш 3 писар дошт, ки ду нафари онҳо ҷавонмарг шуда Фарзон фарзанди охирин ва ягонаи ӯ буд.
Фарзон Маъмур чанд соли охир дар ширкати “Babilon-Mobile” ба ҳайси директор фаъолият мекард. Ӯ 20 рӯз баъд, яъне санаи 22 июли соли равон 43 сола мешуд. Номбурда оиладор ва соҳиби ду фарзанд- як писару як духтар буд.
Ёдрас мешавем, дирӯз, 1 июл ду шахсияти маъруф дар Тоҷикитсон - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов ва пизишки машҳур Фарида Мансурова даргузаштанд.
Ҳолдонҳо гуфтанд, ки ҳарду ҳам ба бемории коронавирус печида буданд.
Дар ҳамин ҳол, шоми 1 июл Вазорати тандурустӣ омори гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард, ки нишондоди даргузашт ба сифр баробар буд.
Расанаҳо аз оғози мавҷи дувуми коронавирус дар Тоҷикистон бештар аз 10 қурбонии коронавирусро ҳисоб кардаанд.
Фарзанди Саидалӣ Маъмур, шоири мардумии Тоҷикистон Фарзон Маъмурдаргузашт, хабар медиҳад pressa.tj.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.