расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти нафаре, ки ба гуфти ВКД ба самти Русия билетҳои қалбакӣ мефурӯхт

Асосӣ / Муҳоҷир / Ҳаводис

Боздошти нафаре, ки ба гуфти ВКД ба самти Русия билетҳои қалбакӣ мефурӯхт


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нафаре хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод ба фурӯши билетҳои қалбакии ҳавопаймо барои сафар ба Русия сару кор доштааст.

Аз ин нафар Зикриё Сафаров ном бурда шудааст, ки  34 сол дошта, пештар ҳам барои қаллобӣ (моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон)  ду бор маҳкум шудааст суд шудааст.

ВКД менависад,ӯ "рӯзи 26 майи соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо шаҳрванд Рустамов Б. шиносоӣ пайдо намуда, худро корманди муассисаи ислоҳоти Сарраёсати иҷрои ҷаҳои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ менамояд ва аз номбурда барои харидорӣ намуда додани чиптаи ҳавопаймои Душанбе- Москва пешакӣ 2 ҳазору 100 сомонӣ мегирад".

Баъдан ба навиштаи дафтари матбуоти РВКД дар вилояти Хатлон Зикриё Сафаров «бо истифодаи техникаи компютерӣ ба Рустамов Б. чиптаи қалбакӣ тайёр карда дода, боз такроран санаи 31 майи соли 2021 аз Рустамов Б. 450 сомонӣ гирифта, маблағҳои боқимондаро талаб менамояд».

Ҳоло ВКД Сафаровро дар ду ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар медонад.

ВКД мегӯяд, ин нафарро бар асоси аризи шикоятии Биномуддин Рустамов боздошт кардааст ва ҳоло бахши тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон алайҳи Сафаров парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар дучори фиребкорӣ  ё қаллобии Сафаров агар шуда бошанд, метавонанд ба сохторҳои ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.