расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон марзбононро кафили амнияти марзҳои Тоҷикистон номид

Асосӣ / Ҷомеа

Эмомалӣ Раҳмон марзбононро кафили амнияти марзҳои Тоҷикистон номид


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон марзбонони кишварро бо иди касбияшон табрик намуда, онҳо ба ҳушёриву боз ҳам мустаҳкамтар нигоҳбонии марзи давлат даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошияш марзбононро сипари боэътимоди давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар унвон кардааст.

Президенти кишвар гуфтааст, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоли худ ҷасорату мардонагӣ ва фидокориҳои зиёд нишон додааанд.

Қайд шудааст, ки даҳҳо тан барои ҳифзи сохти конститутсионии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, таъмини рӯзгори осудаи сокинон, оромиву суботи мамлакат ва ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки хизматҳояшон фаромӯш нахоҳад кард.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон,солҳои охир амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардумони минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд.

«Дар чунин шароит шумо — афсарону сарбозони ҷасуру далери Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар сафи пеши ҳифзи суботу оромии сокинони Ватани маҳбубамон ва амнияти давлату ҷомеаи кишвар қарор доред, бояд бо интизоми оҳанини ҳарбӣ омодагии баланди ҷангиро таъмин намоед, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи марзу буми давлат ва зиндагии осоиштаи халқамон доим омода бошед», — таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури кишвар, бо эътимоди комил изҳор доштааст, ки марзбонони шуҷои кишвар минбаъд низ бо ифтихори баланди ватандорӣ ва ҷасорату мардонагӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи амнияти миллӣ ва суботу оромии ҷомеа ҳамеша омода хоҳанд буд.
Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон санаи 28 майи соли 1994 таъсис шуда, имрӯз аз 27-умин солгарди он таҷлил мешавад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.