расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Хуҷанд донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мешавад

. / Ҷомеа

Дар Хуҷанд донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мешавад

Иқдоми таъсиси мактаби олии муштаракро Донишгоҳи давлатии кишвари ҳамсоя пешниҳод кард.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Сурат: tiroz.org
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки имсол Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсис дода мешавад.
Иқдоми таъсиси мактаби олии муштаракро Донишгоҳи давлатии кишвари ҳамсоя пешниҳод кардааст.
“Мо ин пешниҳодро омӯхта, ба хулосае расидем, ки муассисаи олии таълимии мазкур дар заминаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъсис дода мешавад”, - қайд кард вазир.
Зикр шуд, ки масоили чанд факулта ва шуъба доштани донишгоҳ, ҷорӣ шудани таҳсили пулакӣ дар он, барномаҳову забони таълим ва дигар масъалаҳои тадорукотӣ ояндаи наздик ҳаллу фасл мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли 2020 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд дар бораи ифтитоҳи факултаи муштарак дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар дод.
“Дар факултаи муштарак дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандони дигар кишварҳои хориҷӣ ҳам таҳсил карда метавонанд. Таълим бо забонҳои англисӣ ва русӣ мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ба роҳ монда мешавад”, - зикр гардида буд дар итттилоияи расмии Донишгоҳи Тошканд.
Пас аз хатми таҳсил ба донишҷӯён дипломҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дода мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.