расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дигар "кушода намешавед". Шаҳрдорӣ: номи хиёбону иншооти Душанберо тоҷикӣ мекунад

. / Ҷомеа

Дигар "кушода намешавед". Шаҳрдорӣ: номи хиёбону иншооти Душанберо тоҷикӣ мекунад

Минбаъд номгузории иншооте, ки дар Душанбе боз мешаванд бо шаҳрдорӣ мувофиқа мешавад.

Сурат: аз Фейсбук
Бар асоси як қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ин ба баъд номи корхонаву иншооте, ки дар Душанбе бунёду ифтитоҳ мешаванд ва ҳамчунин номи иншооти бахши тиҷорату хидматрасонӣ, фарҳанг, маориф ба таври ҳатмӣ бояд бо мақомоти шаҳрдорӣ мувофиқа шаванд. 
Ин тадбирро шаҳрдорӣ бар асоси иҷроӣ кардани Барномаи давлатии  рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 рӯйи даст гирифтааст, ки чанде пеш аз сӯйи ҳукумат тасдиқ шудааст, гуфт як манбаъ аз шаҳрдорӣ ба «Азия-Плюс». 
Ба гуфтаи манба ин қарор ба номгузориикӯчаву хиёбон, шаҳраку маҳаллаву боғу ҳавзу дарёҳо низ дахл дорад. 
"Номи иншооти барҳол, хиёбонҳо, маҳаллаҳо, кӯлҳо, дарёҳо, иншшоти соҳаи тиҷорат, фарҳанг, маориф, фароғат ва ғайра бояд ба талаботу меъёрҳои забони тоҷикӣ мувофиқат кунанд",-гуфт манбаъ. 
Шаҳрдори Душанбе  ҳамчунин дастур додааст, ки барои аққалиятҳои миллие, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд давраҳои омӯзишии забони давлатӣ ташкил шавад. Маблағгузории ин давраҳои омӯзишӣ аз ҳисоби будиҷаи шаҳр сурат мегирад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.