Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ хабар дод, ки имсол маросими ҳаҷро танҳо он хориҷиёне адо карда метавонанд, ки аллакай дар қаламрави ин кишвар қарор доранд.

Тавре Интерфакс иттилоъ медиҳад, қарори вазорат ба он вобаста аст, ки коронавируси COVID-19 дар қаламрави зиёда аз 180 кишвар паҳн шуда, шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба ҳадди қариб ним миллион расид ва дар саросари дунё беш аз 7 млн ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст.

“Дар маросими ҳаҷи имсола шумори маҳдуди зоирони миллатҳои гуногун, ки аллакай дар қаламрави Арабистони Саудӣ ҳузур доранд, иштирок карда метавонанд”, - изҳор доштааст вазири умури ҳаҷи ин давлат.

Ба гуфтаи ӯ, “то ба ватан рафтан” амнияти ҳамаи касоне, ки бо баста шудани сарҳадот дар робита ба пандемия дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, таъмин хоҳад шуд.

Маросими ҳаҷ имсол ба 28 июл – 2 август рост меояд.

Аз рӯзи якшанбеи гузашта ҳукумати Арабистони Саудӣ соати коммендантиро дар қаламрави кишвар бекор кард. Дар ҳамин ҳол, то супориши махсус адои маросими ҳаҷи умра, инчунин алоқаи байнулмилалии ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ манъ боқӣ мемонад.

То рӯзи 22-юми июн дар Арабистони Саудӣ беш аз 161 ҳазор нафар сироят шуда, 1307 кас аз COVID-19 фавтиданд ва беш аз 105 ҳазор нафар беморон комилан шифо ёфтанд.

Моҳи апрел аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки корҳои омодагӣ ба маросими ҳаҷи имсола идома дошта, доир ба он аз Арабистони Саудӣ огоҳиро интизоранд.

Сухангӯйи Кумита Афшин Муқим зикр карда буд, ки агар имсол маросими адои ҳаҷ баргузор нашавад, навбати зойирин пурра нигоҳ дошта шуда, ба соли дигар гузаронида мешавад.