ИМА дар масоили озодиҳои динӣ Узбекистонро ситоиш ва Тоҷикистонро интиқод кард

  • 11.06.2020, 13:37,
  • Дин
  • хонанда 2 855
  • 0
Намози Иди Фитр дар масҷиди марказии Тоҷикистон. Соли 2018
Намози Иди Фитр дар масҷиди марказии Тоҷикистон. Соли 2018

Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки озодиҳои динӣ дар Узбекистон дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст ва Чину Эрон дар миёни озордиҳандагони бадтарин дар ҷаҳон номбар мешаванд. Сэм Браунбек, сафири супоришҳои махсус дар умури озодиҳои динӣ рӯзи 10 июн гуфт, “дар бисёр нуқоти ҷаҳон назар ба озодиҳои бештари динӣ, нафарони ҳарчи бештар мавриди фишор қарор мегиранд”. Гузориши солонаи ИМА мегӯяд, Узбекистон соли гузашта аз феҳристи “бадтарини бадтаринҳо” дар поймолкунии озодиҳои динӣ хориҷ карда шуд ва ҳамоно дар ин самт қадамҳои мусбат мегузорад. Майк Помпео, котиби давлатии ИМА дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Вашингтон гуфт, “дар давоми соли 2019 мо ҳеҷ як ҳодисаи марбут ба рейдҳои полис дар нисбати гурӯҳҳои сабтиномнашудаи диниро ба қайд нагирифтем, дар ҳоле, ки соли 2018 дар ин кишвар 114 ва соле аз он пеш 240 ҳодиса ҷой дошт. Ин як қадами бузург ва пешрафти воқеӣ аст”. Бо ин вуҷуд Тошканд дар феҳристи вижаи мавриди назорат мемонад, чун дар масоили озодиҳои динӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ “чандин” ҳолати поймолшавии ҳуқуқ мушоҳида шудааст. Гузориш мегӯяд, ки дар Эрон раҳбарияти ин кишвар, ки аксар сокинонаш шиамазҳаб мебошанд, ҳамоно ба нақзи озодиҳои динӣ ва табъйизи аққалиятҳои мазҳабӣ даст мезананд.
Гузориши Департаменти давлатӣ дар бораи Тоҷикистон менависад, аз замони бар асоси Аҳдномаи байналмилалии озодиҳои динии соли 1998 ба феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ворид шудани исми ин кишвар, вазъ тағйир наёфтааст ва декабри порсол Департаменти давлатӣ дубора Тоҷикистонро ба унвони чунин кишвар ёд кард.
Дар гузориш, аз ҷумла, омадааст, ки конститутсияи Тоҷикистон ба намояндагони динҳои мухталиф ба таври инфиродӣ ё гурӯҳӣ ҳақ медиҳад, ки дар маросимҳои динӣ иштирок кунанд.
Қонун ҳақи намозгузории мусалмононро бо маконҳои мушаххас маҳдуд карда сабтином ва макони ҷойгиршавии масҷидҳоро маҳдуд ва шаҳрвандони то 18-соларо аз ширкат дар маъракаҳои динӣ манъ мекунад. Салоҳиятҳои Кумитаи дин ва танзими расму маросими миллӣ дар Тоҷикистон доманадор буда, ба ин ниҳод ҳақ дода шудааст, ки сабтиноми созмонҳои динӣ, бунёди маконҳои ибодат, таҳсили динии кӯдакон ва назорат аз адабиёти диниро ба ӯҳда дошта бошад.
Гузориши департаменти давлатӣ аз ҳукми 7,5 соли зиндони Шамил Ҳакимов, як узви “Шоҳидони Яҳво” бо иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ” ёдовар шудааст. Ин созмон аз ҳақи сабтином шудан дар Тоҷикистон маҳрум аст. Гузориш мегӯяд, масҷидҳои ҳанафимазҳаб бо ҳидояти Шӯрои уламои давлатӣ дар кишвар мақоми бартарият доранд ва занҳо аз ҳақи намозгузорӣ дар масҷид маҳруманд. Гузориш мегӯяд, дар Тоҷикистон созмонҳои сабтиномшудаву ғайрирасмии динӣ пайваста мавриди рейдҳои полис қарор мегиранд ва таҳти назорат буда бархеро маҷбур мекунанд, ки баста шаванд. Ба иттилои Форум-18, моҳи феврали соли 2019 дар шимоли Тоҷикистон 17 узви Шоҳидони Яҳво барои ташкили маросиме боздошт шуданд.
Инчунин дар вилояти Суғд 20 имомхатиб бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ифротӣ ба зиндон рафтанд. Гузориш мегӯяд, ки мақомот занҳову духтарҳои ҳиҷобпӯш ва мардони ришдорро ҳамоно озор медиҳанд ва занҳо пайваста таъкид мешаванд, ки аз пӯшидани либоси “бегона ба фарҳанги миллӣ” худдорӣ кунанд.
Гузориши нави департаменти давлатӣ рӯзи 10 июн муаррифӣ шуд ва то ҳол мақомоти тоҷик дар ин замина изҳори назар накардаанд. Дар гузашта мақомоти тоҷик интиқодҳо дар заминаи поймолшавии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро рад карда гуфтаанд, ки конститутсияи Тоҷикистон озодиҳои динии шаҳрвандонро фароҳам овардааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон