Арабистони Саудӣ 90 ҳазор масҷидро барои ибодат боз кард

  • 01.06.2020, 06:53,
  • Дин
  • хонанда 1 863
  • 0
Намозгузорӣ дар Масҷиди Макка дар шаби Лайлатулқадр. 19-уми майи соли 2020
Намозгузорӣ дар Масҷиди Макка дар шаби Лайлатулқадр. 19-уми майи соли 2020

Баъд аз ду моҳи танаффус ҳукумати Арабистони Саудӣ дари ҳазорон масҷид дар саросари кишварро барои намозгузорон боз кард. Айни замон ба мардум дастур шудааст, барои эмин мондан аз сирояти коронавирус, меъёрҳои сахти беҳдоштиро риоят кунанд. Шаҳри Макка, зиёратгоҳи мусулмонон ба рӯи мардум баста мемонад.

Масҷид-ул-Ҳаром дар Байтулмуққадас, ки баъд аз Маккаву Мадина саввумин макони муқаддас барои мусулмонон ба ҳисоб меравад, боз шуд. Ин масҷидро моҳи март бастанд. Дар Арабистони Саудӣ 90 ҳазор масҷидро баъд аз поксозӣ аз вирусу микробҳо бо маводи зиддиуфунӣ боз карданд.

Вазорати умури исломӣ гуфт, ба мардум миллионҳо паёмак фиристода ва огаҳ кардааст, ки ҳангоми ибодат ва намозҳои дастаҷамъӣ меъёрҳои беҳдоштиро рияот кунанд. Аз ҷумла фосилаи думетриро нигаҳ доранд, ҳамеша ниқоби тиббӣ дошта бошанд ва вақти салом кардан ба ҳам даст надиҳанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон